Пешвои миллат: «Ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар мубориза ба муқобили экстремизм ва терроризм бояд фаъол бошанд»

Январь 27, 2017 17:48

ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Наврӯз»-и пойтахт баён дошт, ки «Вазъи ниҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза ва фаъолияти торафт густурдаи гурӯҳҳои ифротгаро боиси ноором шудани бисёр кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст.
Дар чунин шароит ҷомеаи мо, аз ҷумла аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бояд бо ҷалби аъзои худ дар миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ баранд ва нагузоранд, ки ҷавонони мо фирефтаи ташвиқоти бардурӯғи ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шаванд ва номи Ватани азизамонро доғдор созанд». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуданд, ки «дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ва дигар суханрониҳо доир ба оқибатҳои даҳшатбори экстремизм ва терроризм доим изҳори назар менамоям ва бори дигар таъкид месозам, ки ин хатарҳои муосир боиси харобии чандин кишварҳо ва ҳалокати садҳо ҳазор нафар одамон шуда, миллионҳо нафари дигарро беватан, бе манзили зист ва бе ҷою макон кардаанд. Мубориза ба муқобили ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва Ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд».

Январь 27, 2017 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд