Қӯрғонтеппа: 13 ташкилоту корхонаҳои шаҳр ҷойи кор пешниҳод карданд

Январь 24, 2017 11:16

ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар «Боғи фарҳангиву истироҳатӣ ба номи Р. Мурчаев»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод доир гардид.
Тавре аз Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар ярмарка 84 ҷойи корӣ аз 13 ташкилоту корхонаҳои шаҳр, аз ҷумла, шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа, Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа, ҶСК Ресанда, Меҳровар, бахши фарҳанг, МНДСЭ-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Бойгонии вилоят, Литсеи касбӣ-техникии шаҳри Қӯрғонтеппа, КДФ «ИТИМ», Китобхонаи шаҳр, ҶДММ Коргоҳи дӯзандагии шаҳри Қӯрғонтеппа, бахши муҳоҷират, Маркази ёрии таъҷилӣ, ҶСК «Трансформатор», Телекоми вилоятӣ, КАТС-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази машварати бо кортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуда, ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд.
Чунин ярмаркаҳо барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ, таъсиси курсҳои тайёрӣ ва касбомӯзии аҳолӣ, рушди бемайлони сатҳи шуғлнокии аҳолӣ, интихоби мутахассис барои корхона, ташкилоту муассисаҳо, дарёфт намудани корманди мувофиқ ва ба шаҳрвандони бекор дарёфти кори мувофиқ равона гардиданд.

Январь 24, 2017 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид