Раиси Кумитаи андоз: «Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ таъмин нашуд»

Январь 20, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ 89,1% таъмин карда шуд. Дар натиҷа ба ҷойи 1 млрд. 550 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1 млрд. 381 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 169 млн. сомонӣ кам мебошад. Ин суханонро имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ба хабарнигорон баён дошт.
Раиси Кумита сабабҳои асосии таъмин нагардидани иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетиро дар соли 2016 ба таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, вобаста ба он ногувор гардидани шароити молиявии андозсупорандагон, кам афзоиш ёфтани музди меҳнат дар як қатор корхонаҳо ва дар баъзе корхонаҳо ва кам шудани шумораи коргарон нисбат дод.
Зикр шуд, ки дар соли 2016 нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 101,0 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷойи 6 млрд. 985,4 млн. сомонӣ ба буҷет зиёда аз 7 млрд. 53,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 67,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Январь 20, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд