«Реал» унвони сердаромадтарин клуби ҷаҳонро аз даст дод

Январь 20, 2017 16:06

ДУШАНБЕ, 20.01.2017/АМИТ «Ховар»/.  Клуби шоҳонаи «Реал»-и Мадрид баъди 11 сол унвони сердаромадтарин клуби ҷаҳонро аз даст дод. Дар ин бора Sky Sports ба истинод аз ширкати аудитории « Deloitte» хабар медиҳад.

Дар ин нишондод КФ «Манчестер Юнайтед» ба сафи пеш баромад.

Дар мавсими солҳои 2015-2016 ин дастаи Англия аз шартномаҳои сарпарастӣ 689 миллион  евро ба даст овард. «Реал»-и Мадрид бо маблағи 620,1 миллион евро ба зинаи сеюм фаромада, ба «Барселона» имкон дод, ки бо 620,2 миллион евро ба зинаи дуюм барояд.

Ба ғайр аз «Манчестер Юнайтед», «Реал» ва «Барселона дар рӯйхати даҳгонаи сердаромадтарин дастаҳои футболи ҷаҳон  клубҳои зерин дохил шудаанд:

+/- Дастаҳо 2015/16 (£)
1 +2 Манчестер Юнайтед 689 млн евро.  (515.3£*)
2 = Барселона 620,2 млн (463.8)
3 -2 Реал 620,1 млн  (463.8)
4 +1 Бавария 592 млн    (442.7)
5 +1 МанСити 524,9 млн(392.6)
6 -2 ПСЖ 520,9 млн(389.6)
7 = Арсенал 468,5 млн (350.4)
8 = Челси 447,4 млн (334.6)
9 = Ливерпуль 403,8 млн (302)
10 = Ювентус 341,1 млн (255.1)

*-бо андозаи фунт стерлинг

Январь 20, 2017 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад
ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дуюми дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими Ветнам баргузор мегардад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ аз тими Арабистони Саудӣ мағлуб шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сурх бозӣ менамояд
26 март дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мешаванд
Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст»
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Риёз нахустин тамринҳоро анҷом дод
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе бо дастаи мунтахаби Ветнам бозӣ менамояд