Рустами Эмомалӣ аз корхонаи «Троллейбус» боздид ба амал овард

Январь 29, 2017 13:34

ДУШАНБЕ, 29.01.2017./АМИТ «Ховар»/. 28 январ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и пойтахт боздид ба амал овард.

Дар ҷараёни шиносоӣ Раиси шаҳр ба масъалаи вазъи кунунии парки мошину олотҳои корхона ва истифодаи самараноки воситаҳои нақлиётии мусофибар, бахусус тароллейбусҳо   мароқ зоҳир кард.

Таъкид гардид, ки фаъолияти имрӯзаи троллейбусҳо дар шаҳр чандон ҷавобгӯи талаботи мусофирон набуда, беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад.

Зимни мулоқот бо ҳайати роҳбарӣ ва техникии корхона ба фаъол сохтани хатсайрҳои мавҷуда ва ифтитоҳи хатсайрҳои ҷадид дар шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тавре зикр гардид, баробари фароҳам омадани шароити лозимӣ, ба вижа таъмини бемамониати  қувваи барқ фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии барқӣ, махсусан троллейбусҳо бояд ба таври куллӣ беҳтар карда шавад.

Роҳбари шаҳр ҷиҳати таҷдид намудани парки троллейбусҳо ва баланд бардоштани маданияти хизматрасонии мусофирон дар назди масъулини корхона вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки бо ҷалби воситаҳои техникию нақлиёти тозабакори фарогирифташуда хизматрасонӣ ба мусофирон дар  2  баст (то соати 23:00 шаб)  ба роҳ монда шавад.

Инчунин, вобаста ба беҳтар кардани вазъи имрӯзаи корхона, аз ҷумла таъмиру таҷдиди минтақҳои таъмирталаби хатҳои барқтаъминкунанда ва мумфарш(асфалтпӯш) намудани даромадгоҳҳои корхона дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд .

КВД Троллейбус-4

Январь 29, 2017 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст