Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои табобати бемории сил маводи доруворӣ тақдим кард

Январь 31, 2017 17:17

ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина маросими супоридани маводи дорувории нав барои табобати шаклҳои мутобиқгаштаи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, маводи доруворӣ аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин муассиса барои муолиҷаи бемории сил супорида шуд.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зикр намуд, ки бемории сил дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти тамоми низоми тандурустии кишвар мебошад. «Дар солҳои сипаригашта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаю дурнамоҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил таҳия ва қабул гардиданд. Дар баробари ин, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи барномаҳои қабулгардида тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд»,-илова намуд Саида Умарзода.
Солҳои охир дарёфт ва бақайдгирии шаклҳои гуногуни мутобиқгаштаи бемории сил дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 27 давлате, ки нишондодҳои баланди шакли мутобиқгаштаи силро доранд, дохил шудааст. Мутобиқи натиҷаҳои тадқиқоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда, дар байни ҳодисаҳои нави бемории сил шумораи шаклҳои мутобиқгаштаи сил 13% ва байни беморони такрорӣ 54%-ро ташкил додааст. Инчунин бояд қайд кард, ки мутобиқи маълумоти омории солҳои 2015-2016, беморон бо шаклҳои гуногуни мутобиқгаштаи сил дар Тоҷикистон мутаносибан 702 ва 742 нафарро ташкил додаанд, ки дар байни онҳо 174 ва 186 нафар мутаносибан бо шаклҳои васеи мутобиқгаштаи сил (мутобиқат ба доруҳои зиддисилии қатори дуюм) мебошанд.
«Имрӯз реҷаи табобати шаклҳои мутобиқгаштаи сил маблағи калонро талаб мекунад. Ташкили табобат мувофиқи ин реҷа маҳорат ва малакаи зиёдро на танҳо аз тарафи кормандони соҳаи тиб, балки аз худи беморони сил, аъзои оилаҳои онҳо баҳри муваффақона ба анҷом расонидани табобат талаб менамояд»,-афзуд муовини якуми вазир.
Муовини Сафири ИМА дар Тоҷикистон Люси Ҷилка иброз дошт, ки Сафорати ИМА бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич доранд.
«Бемории сил оқибатҳои нохуш дошта, дар як сол дар ҷаҳон қариб 1,5 млн нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат мерасанд. Аз ҳамин сабаб бештари нафарон фикр доранд, ки бемории сил аз ҳама бемории хавфнок ба шумор меравад. Дар тамоми ҷаҳон духтурон танҳо аз доруҳое, ки 50 сол пеш кашф шуда буданд истифода мебаранд. Имрӯз ширкати дорусозии Амрико доруи нав «Бедаквилин» кашф намуд, ки он ройгон ба беморони Тоҷикистон тақдим мешавад. Ин доруи нав барои муолиҷаи бемории шадиди сил истифода мешавад. «Бедаквилин» аввалин маротиба соли 2012 истифода шуда, имрӯз аз ҳама доруи таъсирбахш бар зидди бемории сил ба шумор меравад»,-илова намуд муовини Сафири ИМА дар Тоҷикистон.
Дар ибтидои соли 2009 дар Тоҷикистон дар сатҳи ноҳияҳои пилотӣ табобати беморони гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил оғоз гардид. Дар охири соли 2014 табобати чунин шаклҳои беморӣ дар тамоми кишвар бо дастгирии шарикони байналмилалӣ имконпазир шуд.
Дар айни замон усулҳои табобати дарозмуддати беморони шакли мутобиқгаштаи сил мавриди истифода қарор доранд, ки аз 20 то 36 моҳро бо истифодаи комбинатсияи маводи дорувории зиддисилии қатори дуюм дар бар мегиранд. Идоракунии табобати чунин ҳолатҳо хеле душвор буда, маблағҳои зиёд ва мутахассисони пуртаҷрибаро талаб менамояд.
Дар даҳсолаи охир барои ҳалли ин масъала тадқиқоти зиёд оид ба коркарди маводи нави доруворӣ, мисли «Бедакливин» гузаронида шудаанд. Зимни тадқиқот ба тағйироти назаррас ва дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Солҳои охир истифодаи «Бедаквилин»-ро барои табобати беморони дорои шаклҳои васеи мутобиқгаштаи сил (ШВМС) оғоз намуда, соҳиби натиҷаҳои назаррас гардиданд.

Лайло ТОИРӢ

Январь 31, 2017 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад