Санъат Раҳим: «Дар пардохти ҷуброни зарар ба ҷабрдидагони ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ тағйирот ба амал омад»

Январь 13, 2017 14:04

ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз Санъат Раҳим, сардори Хадамоти  назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2016 аз ҷониби нозироти Хадамоти мазкур  33 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд  гирифта шудааст. Дар натиҷаи  онҳо  21 кас ҳалок гардида, 21 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Санъат Раҳим ҳамчунин зикр кард, ки баъди қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав  дар пардохти  маблағи ҷуброни зарар ба ҷабрдидагон тағйирот ба амал омад.
«Дар  бандҳои 5  ва 6-и моддаи 343-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Ташкилот ё вориси ҳуқуқии он уҳдадор аст, ки ба корманде, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудааст, илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда ба андозаи на камтар аз музди миёнаи дувоздаҳмоҳаи  ҷабрдида кумакпулии яквақта пардохт намояд. Ҳангоми фавти корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба оилаи ў илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ў буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди меҳнати шастмоҳаи фавтида кумакпулии яквақта дода мешавад. Тартиби додани чунин кумакпулиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд», —  зикр кард Санъат Раҳим  зимни  шарҳи ин   масъала.
Вобаста ба ин мавзӯъ Санъат Раҳим  ҳамчунин таъкид намуд, ки дар банди 7-и моддаи 343-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки дар ҳолати фавти ҷабрдида ҳуқуқи гирифтани ҷуброни зарар ба шахсони ғайри қобили меҳнат, ки таҳти саробонии марҳум буданд ё то рўзи фавти ў ба гирифтани маблағ аз ин корманд ҳуқуқ доштанд, ҳамчунин тифли марҳум, ки баъд аз марги ў таваллуд шудааст, мегузарад.

Январь 13, 2017 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт