Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо оғоз ёфт

Январь 21, 2017 11:51

ДУШАНБЕ, 21.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин лаҳзаҳо дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИҶТ) сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо ҷараён дорад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
«Моҳи сентябри соли 2016 дар АИ ҶТ ҷаласаи дарҳои кушод баргузор гардид ва он имконият дод, ки ба сафи Академияи хурди илмҳо неруи нав аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ҷалб карда шавад. Дар тӯли шаш моҳ ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шуданд. Хушбахтона, имрӯз мо натиҷаҳои нимсолаи ин таҳқиқотро ҷамъбаст мекунем. Аминем, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҷавонон дар рушди илми тоҷик нақши худро мегузоранд»,-зикр кард А.Саидов, саркотиби илмии АИҶТ.
Ёдовар мешавем, ки дар сессияи мазкур 14 маърӯзаи илмӣ аз тарафи аъзои Академияи хурди илмҳо баррасӣ, натиҷагирӣ ва баҳогузорӣ карда мешаванд.

Январь 21, 2017 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд