Шумораи иштирокдорони бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2026 ба 48 адад расонида шуд

Январь 11, 2017 16:07

ДУШАНБЕ, 11.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Шумораи иштирокдорони  бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2026 аз 32 даста ба 48 адад расонида шуд. Дар ин бора Шӯрои ФИФА дирӯз қарори худро ба тасвиб расонд. Дар овоздиҳӣ ҳама якдилона ин пешниҳодро маъқул шумориданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ФИФА.
Президенти кунунии ФИФА Ҷанни Инфонтино пеш аз ба мансаби раисӣ  расиданаш ваъда карда буд, ки дар сохтору гузаронидани бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон тағйирот ворид мекунад ва шумораи иштирокдорони бозиҳои ниҳоиро ба 40 даста мерасонад. Ин ваъда ҷомаи амал пӯшид ва ба ҷои 40 даста шумораи 48 даста интихоб шуд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Россия ва Қатар солҳои 2018 ва 2022 бо тарҳи кӯҳна ва иштироки 32 даста гузаронида мешаванд. Аммо аз соли 2026 сар карда, ин шумора 48 дастаро ташкил медиҳад. Ин миқдор дастаҳо ба 16 гурӯҳи аз 3 даста иборат ҷудо карда шуда, бозиҳо аз марҳалаи 1/32-ниҳоӣ оғоз мегарданд. Дар 32 рӯзи баргузории бозиҳо 80 вохӯрӣ гузаронида мешаванд.
Аз нигоҳи молиявӣ тарҳи нави бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон ба буҷаи ФИФА нисбат ба шакли ҳозираи мусобиқа 640 миллион доллар даромади соф ворид хоҳад кард.
Ба ҳамин тартиб, дар соли 2026, ки ҳоло макони баргузориаш маълум нест, 16 давлати дигар метавонанд дар он намояндагони худро бинанд.
Дар иттилоия дар бораи аз кадом федератсияҳо чанд даста илова мешавад, чизе гуфта нашудааст.

Январь 11, 2017 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид