Сохтмони ду бинои иловагии мактаб барои 970 хонанда дар ноҳияи Б. Ғафуров

Январь 13, 2017 11:36

ХУҶАНД, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи шиносоӣ бо корҳои бунёдкорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон аз ҷараёни корҳои сохтмонии ду бинои иловагии мактаб барои 970 хонанда боздид намуд. Абдураҳмон Қодирӣ масъулини ноҳия, ҷамоатҳо ва пудратчиёни ҶДММ «Раёсати сохтмонии барқарор»-ро барои дар муҳлати муқарраргардида ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, ҳамчунин суръат бахшидан ба корҳои ободонии ҳудуди ҷамоатҳо, таъмири роҳҳои дохилӣ ва чароғонкунии кӯчаҳоро талаб кард.  Дар ин бора  масъулин аз шуъбаи маорифи ноҳия ба  хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд,
Тибқи нақшаи мақомоти маҳаллии ноҳиявӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 23 ҷамоати Ҳайдар Усмонов дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон бунёди бинои иловагии мактаб ба нақша гирифта шудааст. Бинои нави мактаб барои 430 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, аз 2 ошёна ва 16 синфхона иборат хоҳад буд. Айни ҳол наздик ба 400 нафар фарзандони маҳал дар бинои мавҷудаи мактаб, ки соли 2005 сохта шудааст, таҳсил мекунанд ва ба муассисаи нав эҳтиёҷ доранд.
Инчунин боз як бинои иловагӣ, иборат аз се ошёнаву 16 синфхона барои 540 нафар дар як баст дар назди мактаби рақами 14-и ҷамоати Унҷӣ, ки сохтмони он соли гузашта аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз гардида буд, соли равон ба истифода дода мешавад.

Январь 13, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид