Сокинони ноҳияи Сангвор аз Паёми Пешвои миллат ҷонибдорӣ карданд

Январь 17, 2017 10:24

ПаёмСАНГВОР, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати шарҳ додани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳайати Рустам Ҳайдаров, доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юнус Юсуфӣ- муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Нарзулло Каримов- устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти Сангвор, Вахё, Тавилдара ва Чилдараи ноҳияи Сангвор бо аҳолӣ вохӯрию суҳбатҳо доир намуданд. Дар ин бора масъулини ноҳияи Сангвор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Меҳмонон ҳадаф ва муҳтавои Паёми  навбатии  Сарвари давлатро  ба мардум возеҳу равшан фаҳмониданд. Сокинони ноҳия изҳор доштанд, ки тамоми қувваю ғайрати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, равона намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон пайваста хизмат менамоянд.

Январь 17, 2017 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд