Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Январь 12, 2017 15:57, 560 хонанда
31422221984_b49dbba577_z

ДУШАНБЕ, 12.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи Раиси шаҳри Душанбе озод карда шуд.

Бо фармонҳои Президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ аз вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати озод гардидани Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич аз вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, Самадов Шакарбек Додхоевич аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе, Мақсудзода Шӯҳрат аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе, Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе розигӣ доданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, барои таъйин ба вазифаи муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе розигӣ дода шуд. Назирмадзода Бахтиёр бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Муинӣ Мавсума бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, фаъолияти худро минбаъд ба ҳайси муовинони Раиси шаҳри Душанбе идома хоҳанд дод. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифаи муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардидани Саидзода Қурбон Тағай ва Ҷумазода Фаррух Турақул розигӣ доданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Саиднуриддин Акрам аз вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қурбонов Аламхон Ҷамилович аз вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Сиёмардзода Сайдамир аз вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шуданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самӣ Шариф Ҳамид аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» озод ва бо Фармони Президенти мамлакат иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин карда шуд.

Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Дар идомаи тағйироти кадрӣ Сардори давлат бо Амри худ Раҷабалӣ Саидвализодаро Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд.

Ҳамаи кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва масъули шаҳри Душанбе таъйин гардиданд, ҷавону корозмуда, донандагони забони хориҷӣ буда, дар фаъолияти худ дар соҳаҳои гуногун дараҷаи баланди касбият, малакаи хуби роҳбарӣ нишон дода, дар ҷомеа соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи онҳое, ки имрӯз масъулияти роҳбариро дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе ба зимма гирифтанд, талаб намуданд, ки дар чаҳорчӯбаи Қонун, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои пойтахт боз ҳам пурзӯр намуда, бо дасту дилу нияти пок дар хизмати мардум бошанд. Садоқат ба Ватан, хизмати софдилона ба мардум, заҳмат ба хотири ободиву сарсабзии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, таъминоти аҳолӣ бо нақлиёт, гармӣ, неруи барқ ва дигар ниёзмандиҳои мавриди аввали мардум аз вазифаҳои асосии ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, бояд дар ин самт назорати ҷиддӣ ва масъулияти баланд эҳсос намоед,- таъкид намуданд Роҳбари давлат дар фарҷоми мулоқот.

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢРустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Солҳои 2006-2009 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо фаъолият намудааст.
Аз моҳи апрели соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси  иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати дастгирии соҳибкорӣ кор карда, моҳи июни соли 2009 Сардори ин Раёсат таъин гардидааст.
Солҳои 2011-2012 дар вазифаи Сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 2012 то соли 2013 ба сифати Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2013-2015 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.

ЗУВАЙДЗОДА Маҳмадсаид Маҳмуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе

ЗУВАЙДЗОДА Маҳмадсаид МаҳмудЗУВАЙДЗОДА Маҳмадсаид 2 марти соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст. Солҳои 1987 – 1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.
Соли 1990 ба ҳайси устои Кооперативи сохтмонии «Монолит-2»-и шаҳри Душанбе фаъолияти худро оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои муҳандис оид ба таъминот, саркори минтақаи сохтмонӣ, сармуҳандиси Раёсати сохтмонии «Монолит-2» ҶСК «Монолитстрой»-и шаҳри Душанбе, сардори Раёсати сохтмонии «Монолит-2» ҶСК «Монолитстрой»-и шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2006-2009 Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Сомон-Тоҷиксохтмон» ва солҳои 2009-2013 Директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии  «Тоҷиксемент» буд.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2013 Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намуд.
12 январи соли 2017 муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Бо ордени «Шараф» дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.

МУИНӢ Мавсума Муинзода
Муовини Раиси шаҳри Душанбе

МУИНӢ Мавсума МуинзодаМуинӣ Мавсума Муинзода 8 октябри соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Соли 2003 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намуд.
Аз соли 2004 то 2009 дар кафедраҳои «Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст.
Солҳои 2009-2014 Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2014 муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намудааст.
12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

 

НАЗИРМАДЗОДА Бахтиёр
Муовини Раиси шаҳри Душанбе

НАЗИРМАДЗОДА БахтиёрНАЗИРМАДЗОДА Бахтиёр 23 майи соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1994 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос, соли 2002 Академияи гумруки Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери соҳаи гумрук ва соли 2006 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Солҳои 1994-2008 дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи 3 дар  Ширкати ҳуқуқи байналмилалии «Контракт», Мудири истеҳсолии ширкати байналмилалии иттифоқи ҳуқуқшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Ширкати «Контракт» — и шаҳри Душанбе, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, сардори шӯъбаи ҳамоҳангсозӣ ва такмили маъмурияти дорои андоз ва гумрук ва нозири калони раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2008-2010 Сардори Раёсати сармоягузорӣ дар  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2012 сардори Раёсати маркетинг ва танзими фаъолияти тиҷорат, сардори Сарраёсати таҳлили конъюнктураи бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2012-2014 ба ҳайси Муовини Сардори Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз 12 июли соли 2014 то 12 январи соли 2017  дар вазифаи Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ кор мекард.
12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

САИДЗОДА Қурбон Тағай
Муовини Раиси шаҳри Душанбе

САИДЗОДА Қурбон ТағайСАИДЗОДА Қурбон Тағай 26 феврали соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1994 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идораи нақлиёт хатм намудааст. Солҳои 1987 – 1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.
Соли 1994 дар Корпоратсияи илмӣ-истеҳсолӣ-тиҷоратии «Хатлон» ҳамчун мутахассиси пешбар фаъолияти худро оғоз намуда, баъдан дар вазифаи ноиби президенти Корпоратсия кор кардааст.
Солҳои 2001-2014 дар вазифаҳои нозир, ёвари Сарнозир, муовини Сарнозири Инспексияи нақлиётӣ, сардори Департаменти нақлиёти рӯизаминӣ,  Сардори Раёсати назорати бехатарӣ дар нақлиёт, сардори шӯъбаи бехатарӣ дар нақлиёти сарраёсати нақлиёти рӯизаминӣ ва Муовини сардори Сарраёсати нақлиёти рӯизаминии Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2014-2015 дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Нақлиёт” ҳамчун ходими калони илмӣ фаъолият намудааст.
Аз моҳи декабри соли 2015 то 12 январи соли 2017 ба ҳайси Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

ҶУМАЗОДА Фаррух Тӯрақул
Муовини Раиси шаҳри Душанбе

ҶУМАЗОДА Фаррух ТӯрақулҶУМАЗОДА Фаррух Тӯрақул 16 марти соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1993 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими физика ва соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ хатм намудааст.
Соли 1991 дар мактаби миёнаи №53-и шаҳри Душанбе ҳамчун лаборант фаъолияти худро оғоз намудааст.
Солҳои 1993-2006 дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи дуюми Студияи телевизионии «Сомониён», муҳандис, муҳандис-оператори шуъбаи ташвиқот ва реклама, муҳандис-оператори маркази матбуот, сардори маркази матбуот, нозири калони нозироти зудамали мубориза зидди тасарруфи қувваи барқи Хадамоти истеҳсолию техникии   «Тоҷикгосэнергонадзор»-и Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик», нозири «Госэнергонадзор»-и шаҳри Душанбе, сардори бахши сиёсати энергетикии Департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2006 то 2016 дар Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» дар вазифаҳои Муовини сардори шуъбаи равобити иқтисоди  берунаи Дастгоҳи марказӣ, Муовини сармуҳандис, Менеҷери истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии Департаменти «Нерӯгоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ» кор кардааст.
Аз моҳи майи соли 2016 то 12 январи соли 2017  дар вазифаи Муовини  директори иҷроияи Департаменти «Нерӯгоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ»-и Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» фаъолият намудааст.
12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Саидзода Тоҷиддин Ниёз
Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Саидзода Тоҷиддин НиёзСАИДЗОДА Тоҷиддин Ниёз 8 январи соли 1977 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2000 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Пас аз хатми Донишгоҳ аз соли 2000 то соли 2015 дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Турсунзода ва ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Турсунзода, муовини Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Прокурори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Аз соли 2015 то соли 2016 дар вазифаи сардори шуъбаи кабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз феврали соли 2016 ба ҳайси сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
12 январи соли 2017 Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

 

 

 

САЛИМЗОДА Нусратулло Файзулло
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

САЛИМЗОДА Нусратулло ФайзуллоСАЛИМЗОДА Нусратулло Файзулло 4 феврали соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб.
Соли 1988 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 5-и шаҳри Душанбе ҳамчун бародари шавқати шӯъбаи ҷарроҳӣ оғоз намудааст.
Солҳои 1988-2008 ҳамчун духтури беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, духтури беморхонаи вилояти Халон, муовини аввал ва сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М. Дяков, сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои саратон ва директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон ва Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2008 то 12 январи соли 2017 Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардид.
Соли 2004 бо ордени «Шараф» дараҷаи I ва соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардонида шудааст.

 

САМӢ Шариф Ҳамид
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

САМӢ Шариф ҲамидСАМӢ Шариф Ҳамид 22 апрели соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1979 Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандиси барқ ва соли 2006 Академияи хизмати давлатии  Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1979 дар Идораи махсуси «Гидроспетсстрой» дар ноҳияи Данғара ҳамчун Челонгари барқи дараҷаи 1-ум оғоз намуд, то соли 1995 дар вазифаҳои механики азнақббарории ҳамин идора, муҳандис, муҳандиси калон, иҷрокунандаи вазифаи сардор, ҷонишини сардор, сардори Идораи сайёри махсуси механиконидашудаи № 42-и Ширкати «Тоҷик-ирмонтаж», ноҳияи Данғара фаъолият намудааст.
Солҳои 1995-1999 Муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа буд.
Солҳои 1999-2002 дар вазифаҳои Муовини Раиси Ширкати давлатии саҳҳомию ҳолдингии «Барқи Тоҷик» ва Муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2002-2005 Раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва солҳои 2005-2006 Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд.
Солҳои 2006-2009 дар вазифаҳои Раиси Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» ва солҳои 2009-2010 Директори Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев кор кардааст.
Аз соли 2010 то соли 2014 ба ҳайси Раиси шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Аз 21 феврали соли 2014 то 12 январи соли 2017 Директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид.

ҲАКИМЗОДА Низом Ҳоҷӣ
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

ҲАКИМЗОДА Низом ҲоҷӣҲАКИМЗОДА Низом Ҳоҷӣ 4 октябри соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1983 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ, соли 2007 Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончии соҳаи роҳ хатм намудааст.
Соли 1983 фаъолияти меҳнатиашро дар Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгарди РСС Тоҷикистон ҳамчун иқтисодчии трест оғоз намуда, минбаъд то соли 2001 дар вазифаҳои муҳосиб-ревизори трести «Тоҷикдорстрой»-и идораи автомобилгард, Иқтисодчии пешбари Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, муовини сармуҳосиб, сармуҳосиб, муовини сардор, сардори трести «Тоҷикдорстрой»-и идораи автомобилгард, муовини директори корхонаи ДСП Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идораи иқтисоди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ширкати «Энтес» кор кардааст.
Аз соли 2001-2011 дар вазифаи Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи эҳёи роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб фаъолият намудааст.
Солҳои 2011-2013 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз 17 январи соли 2014 то 12 январи соли 2017 дар вазифаи Муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.
Соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардонида шудааст.

ОЛИМЗОДА Насим Хоҷа
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ОЛИМЗОДА Насим ХоҷаОЛИМЗОДА Насим Хоҷа 20 августи соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури табобатӣ-кардиолог хатм намудааст.
Соли 1988 дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳамчун табиб-интерн фаъолияташро оғоз намуда, баъдан дар ин беморхона ҳамчун духтури табобатӣ кор кардааст.
Солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербург таҳсил намудааст.
Солҳои 1999 то 2014 ба ҳайси Табиби дилшиноси Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, мудири бахши «НАҶОТ»-и  Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, директори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи апрели соли 2014 то 12 январи соли 2017 Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 

ШАРИФЗОДА Хушвахт Салим
Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе

ШАРИФЗОДА Хушвахт СалимШАРИФЗОДА Хушвахт Салим 2  октябри соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади  илми  тиб.
Соли 1986 Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи  Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури  кӯдакон хатм намудааст.
Соли 1986 дар Беморхонаи  клиникии  шаҳрии бемориҳои  сироятӣ ҳамчун духтур – интерн фаъолияташро оғоз намудааст.
Солҳои 1987-2015 ба ҳайси духтури кӯдаконаи Беморхонаи қитъавии Кангурти ноҳияи Темурмалик, мудири  шӯъбаи  бемориҳои  кӯдакона ва муовини сардухтури қисми санитарӣ — тиббии  «Тоҷиктекстил», муовини  директори  Маркази  саломатии  шаҳрии №  7 ва  директори Маркази саломатии шаҳрии №10-и шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз моҳи майи соли 2015 то 12 январи соли 2017 дар вазифаи Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии ташхисию табобат ва таълимӣ» фаъолият кардааст.
12 январи соли 2017 Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъин гардид.

 

 

 

САИДВАЛИЗОДА  Раҷабалӣ  Хушбахт
Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

САИДВАЛИЗОДА Раҷабалӣ ХушбахтСАИДВАЛИЗОДА  Раҷабалӣ  Хушбахт 5 марти соли 1958 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1986 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.
Аз соли 1975 дар Муассисаи нақлиётии №22 ноҳияи Данғара ба ҳайси Таъмиргари дараҷаи 5 фаъолияташро оғоз намудааст.
Солҳои 1986-2013 дар вазифаҳои дуредгар, муҳандис, муҳандиси калон, сардори шуъбаи истеҳсолию техникии Идораи  механиконидашудаи сайёри №26 трести «Данғараводстрой», устои коргузори Раёсати сохтмонию васлкунии СГЭС «Норак-гэсстрой», Сардори шуъба, сармуҳандиси заводи оҳану бетонии  шаҳри Норак, сардори шуъбаи истеҳсолию банақшагирии заводи маснуоти оҳану бетонии №6-и  шаҳри Душанбе, муҳандис — сохтмончии Маркази татбиқи лоиҳаҳои офияти соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Муовини сардори шӯъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, муовини директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи майи соли 2013 то 12 январи соли 2017 ҳамчун Сармуҳандиси Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Соли 2016 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

Январь 12, 2017 15:57, 560 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Парчами Точикистону ЭронБарқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ
Рустами Эмомали -97НАВБАТДОРӢ ДАР ПОЙТАХТ. Рустами Эмомалӣ бо қарори худ ҷадвали навбатдории шабонарӯзии роҳбарони мақомот ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанберо ба тасвиб расонид
31569995503_79077d3c04_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер
kasri-millat-1-3Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суҳроб Рауфов директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» таъйин гардид
Касри миллатҚарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомали Рахмон ва Алмазбек АтамбоевБарқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев
Паёми Пешвои миллат бахшида ба Иди РамазонМуроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар,
MNK_7453Муаррифии кадрҳои нави роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
kasri-millat-1-2Таъиноти кадрӣ
Касри миллатҚарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
32223929525_9eae513905_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Росс