Тафаккури миллӣ ва нақши он дар рушди ҷомеа

Январь 21, 2017 09:49

Андешае чанд перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, 21.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа буда, барои шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳнамои рушду пешрафт мебошад. Маълум аст, ки ҳар як ҷомеа бо такя ба неруи ақлонии худ ва инкишофи тафаккури миллии шаҳрвандонаш рушд мекунад, ки ин нуктаро Президенти кишвар дар Паёми худ  махсус таъкид намуданд.

Бисту панҷ сол инҷониб моҳияту ҷавҳари сиёсати мафкуравии давлату Ҳукумати Тоҷикистонро таблиғу ташвиқи худшиносиву ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳадафи асосии он худшиносу худогоҳ, ватанхоҳу  миллатпарвар намудани шаҳрвандони кишвар аст. Дар ин росто, бавижа инкишофи тафаккури миллии ҷавонону наврасон хеле муҳим аст, зеро ба таъкиди Президенти мамлакат аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Ба андешаи мо, тафаккури миллии шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавононро дар панҷ самти ба ҳамдигар алоқаманди ҳувиятсоз бояд рушду инкишоф дод:

  1. Ҳувияти сиёсӣ — ватандорӣ ин ифтихор аз давлати миллии муосир бо ҳама хосияту рамзҳояш, ифтихор аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси поягузори давлати миллии тоҷикон маҳсуб мешавад. Зеро маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин абармард мо имкони шакл додани ҳувият ва тафаккури тоҷикиро пайдо намудем. Ба ин самт, ҳамчунин ифтихор аз Истиқлоли кишвар, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ, сулҳу оромиш ва омодагӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ дохил мешаванд.
  2. Ҳувияти ориёӣ ё нажодӣ — шинохти нажоди худ, ифтихор аз асли ориёӣ. Чунонки маълум аст, қавму миллатҳои рӯйи замин ба нажодҳои гуногун мутааллиқ ҳастанд ва аз асли нажодии хеш ифтихор мекунанд. Миллати сарбаланди мо ба нажоди ориёӣ мутааллиқ буда, ҳар як фарди худогоҳи тоҷик асли ориёии худро бояд бишносад ва аз он ифтихор намояд. Маҳз ба ҳамин хотир, соли 2006 бо ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардида буд, ки ба шакл гирифтани  худшиносии ориёии тоҷикон такони ҷиддӣ дод.
  3. Ҳувияти таърихӣ — шинохти таърихи пурпечутоби миллату давлати тоҷикро аз замонҳои қадим то давраи ҳозира дар бар мегирад. Хотираи таърихӣ, ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ, омӯзиши амиқи таърихи миллат, ифтихор аз шахсиятҳои мондагори он, мисли Исмоили Сомонӣ, Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Восеъ ва дигарон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ буда, дар маҷмӯъ баёнгари ифтихор аз таърихи давлатдории миллӣ мебошад.
  4. Ҳувияти фарҳангӣ — ифтихор аз фарҳангу тамаддуни  моддиву маънавии миллӣ, забон, адабиёт, адибону олимони бузурги классик ва муосир, мисли Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода.  Ҳифзи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ,  пеш аз ҳама, асолати забони модарӣ, таҳкиму тақвияти амалкарди забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатии кишвар, инчунин ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Шашмақом ва Фалак.
  5. Ҳувияти динӣ — мазҳабӣ — шинохти исломи суннатӣ тибқи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам, ифтихор аз мусулмони ҳанафимазҳаб будан. Ҳифзи мазҳаби анъанавии ҳанафӣ аз ҳар гуна олоишҳои берунӣ,  муборизаи беамон бо мафкураҳои динии ифротгароёна ва бегонапарвар.

Чунонки тазаккур додем, панҷ самти мазкур ба ҳамдигар зич алоқаманд буда, яке дигареро такмил дода, дар маҷмӯъ тафаккури миллии устувори тоҷикиро ташаккул медиҳанд.  Агар дар таблиғу ташвиқ ва тарбияи рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ваҳдати дохилии панҷ самти мазкур дар мадди назар гирифта шавад,  тафаккури миллӣ қадам ба қадам хислати ҳамагонӣ касб намуда, рушду инкишоф  хоҳад ёфт.

Тавре ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат таъкид шудааст: «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Бо назардошти ин таъкиди мубраму воқеӣ ва ба хотири он ки аҳамияти тарбияи худшиносии миллии ҷавонон, инкишофи тафаккури миллии ин қишри ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавии набарди мафкураҳо рӯз ба рӯз меафзояд, Пешвои миллат дар Паёми худ соли 2017 — ро Соли ҷавонон эълон карданд. Аз ин хотир, ҳам ҷавонон ва ҳам қишрҳои дигари ҷомеаи мо бояд дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ оид ба ҳисси баланд ва ифтихори миллӣ сармашқи фаъолияту таҳсилоти хеш қарор дода, тафаккури миллии худро беш аз пеш рушду инкишоф бидиҳанд, зеро онро манфиатҳои миллату давлати тоҷикон тақозо менамояд.

Масрури АБДУЛЛОҲ,

доктори илмҳои филологӣ, профессор

 Бознашр аз «Ҷумҳурият»

Январь 21, 2017 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он