Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти Прокуратура ва Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ

Январь 5, 2017 09:32

ДУШАНБЕ, 05.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Тағйирот дар мақомоти Прокуратура ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифтанд.
Прокуророни як зумра шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва дорои савияи баланди тахассусӣ таъйин гардиданд.
Дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Сардорони Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз ҳисоби афсарони дорои таҷрибаву малакаи хуби роҳбарӣ ва хатмкардагони муассисаҳои олии таҳсилоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъйин гардиданд.
Дар дастгоҳи марказии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ вобаста ба таҷдиди сохтор барои идомаи фаъолияти касбӣ афсарону мутахассисони баландихтисос сафарбар шуданд. Қобили зикр аст, ки аксар кадрҳои навтаъйин ҷавон, донандагони забонҳои хориҷӣ ва соҳиби таҷрибаву малакаи муосири касбӣ мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди кадрҳои навтаъйин барои пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар идомаи суҳбат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъйиншударо бори дигар барои хизмати содиқонаву софдилона ба манфиати давлату халқи Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Январь 5, 2017 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд