Теъдоди қурбониёни ду ҳамлаи террористӣ дар Кобул ба 38 нафар расид

Январь 11, 2017 10:54, 141 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

kabul

ДУШАНБЕ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Афғонистон дар бораи то ба 38 нафар расидани теъдоди қурбониёни ду ҳамлаи террористии пайи ҳам дар Кобул эълон кард. Дар ин бора агентии «Интерфакс» бо истинод ба агентии «Ассошиэйтед Пресс» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, тақрибан 80 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Чанде пеш шабакаи телевизиони «Тулӯъ» бо такя ба намояндагони расмии мақомоти Афғонистон дар бораи на кам аз 22 нафар қурбонӣ ва наздики 70 тан маҷрӯҳшуда иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки 10 январ соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) дар назди бинои парлумон дар минтақаи Доруламон дар канори ҷанубу шарқии пойтахти Афғонистон ду таркиш рух дод. Аввал террористи маргталаб худро тарконд ва пас аз чанд сония мошини дар он ҷо қарордошта инфиҷор шуд.
Масъулияти ин ҳамлаҳоро ҳаракати ифротии «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар уҳда гирифт.

Январь 11, 2017 10:54, 141 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

ХавопаймоПентагон дар бораи маҳв гардидани яке аз роҳбарони «Ал-Қоида» дар Сурия хабар дод
Pervaya-operatsiyaҚувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Россия ва Туркия бар зидди ДИ нахустин амалиёти муштарак гузарониданд
Kitaj-6Си Ҷинпин низоми нави муносибот бо ИМА ва шарикӣ бо Русияро эълон кард
BlagoveshhenskДар фурудгоҳи Благовешенск ҳавопаймои ширкати «ВИМ-Авиа» оҷилан фуруд омад
AntonioАнтонио Таяни роҳбари нави Парлумони Аврупо интихоб шуд
СукутДар натиҷаи суқути тайёра дар Бишкек беш аз 30 нафар ҳалок гардиданд
WifiБа қатораҳои Русия интернети бесим насб мегардад
КерриКерри ҳамчун котиби давлатии ИМА охирин сафари хориҷиашро анҷом медиҳад
lavrov-i-chavushogluСергей Лавров ва Мавлут Човушоғлу муҳимияти риояи низоми оташбасро дар Сурия таъкид намуданд
kitaj-1Дар як зумра минтақаҳои Чин бори аввал дараҷаи сурхи бонги хатар ҷорӣ карда шуд
turtsiyaКушандаи сафири Россия дар Туркия ду моҳ маълумот ҷамъоварӣ кардааст
ollandОлланд барои анҷом додани мулоқот бо хизматчиёни ҳарбии Франсия ба Ироқ ташриф овард