ВАО-и Туркия акси иҷрокунандаи ҳамлаи террористии Истанбулро интишор карданд

Январь 3, 2017 11:18, 209 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Medics and security officials work at the scene after an attack at a popular nightclub in Istanbul, early Sunday, Jan. 1, 2017. Turkey's state-run news agency says an armed assailant has opened fire at a nightclub in Istanbul during New Year's celebrations, wounding several people.(IHA via AP)

ДУШАНБЕ, 03.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Агентии иттилоотии давлатии Туркия «Анадолу» акси иҷрокунандаи ҳамлаи террористии маркази дилхушии шабонаи «Reina»-и минтақаи Ортакейи маркази Истанбулро интишор кард. Дар ин бора АИР «Новости» хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамлаи мусаллаҳона ба маркази дилхушии номбурда шаби соли нав содир карда шуд. Шахси мусаллаҳ полиси посбоникунандаи маркази дилхуширо бо автомат парронда, ба дохили биное, ки он ҷо беш аз 700 нафар қарор доштанд, зада даромад ва ба сӯи онҳо оташ кушод. Бино ба маълумоти ВКД Туркия, бар асари ин ҳамла 39 нафар қурбон шуда, 69 каси дигар маҷрӯҳ гардиданд Ҷустуҷӯи ҷинояткор идома дорад.
Тибқи иттилои агентии «Рейтер», масъулияти ин ҳамлаи террористиро гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар уҳда гирифт.
Феълан корҳои муайян намудани шахсияти террорист идома доранд. Тавре ВАО-и Туркия бо такя ба манбаъ аз полис хабар медиҳанд, ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ё Қирғизистон маҳсуб мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки полис маълумоти камераҳои назоратии маҳалли маркази дилхуширо, ки он ҷо амали террористӣ содир карда шуд, омӯхтааст. Дар наворҳо нишонаҳои симои террорист баръало намоёнанд. Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ва терроризми прокуратураи генералии Истанбул доир ба далели мазкур таҳқиқро идома медиҳад.

Январь 3, 2017 11:18, 209 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

trampТрамп пешниҳод намуд, ки робитаи Ҳиллари Клинтон бо Россия тафтиш карда шавад
Mosul-1Дар Мосул «коршиноси» гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» оид ба минагузорӣ ҳалок гардид
ПентагонПентагон маҳв гардидани фармондеҳи саҳроии «Ал-Қоида»-ро дар Афғонистон тасдиқ кард
migrantДар соҳили Либия беш аз ҳазор нафар муҳоҷиронро наҷот доданд
Afganistan-227 ҷангии «Давлати исломӣ» дар шарқи Афғонистон маҳв гардиданд
ЛондонПулиси Лондон номи ҳамлагарро эълон кард
Ирок - МосулДар Мосул 6 роҳбари «Давлати исломӣ»-ро маҳв карданд
siriyaАртиши Сурия фармондеҳи «Давлати исломӣ» -ро, ки дар нест кардани ёдгориҳои Палмира даст дошт, маҳв кард
Putin-i-ErdoganПутин ва Эрдоган интиқоли имконпазири С-400-ро ба Туркия баррасӣ карданд
astanaОстона ба баргузории мулоқоти навбатӣ доир ба Сурия омодагӣ мебинад
Boko-haramНеруҳои амнияти Нигерия беш аз 210 асири «Боко ҳарам»-ро озод намуданд
MosulШумораи гурезагон аз Мосули Ғарбӣ тақрибан ба 100 ҳазор нафар расид