Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гармхонаи оилавӣ ихтироъ мекунад

Январь 18, 2017 17:03

ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад як гармхонаи оилавӣ ихтироъ кунад, ки он ба шароити хона мутобиқ бошад. Ин нуктаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуда, гуфт, ки ҳаҷми ин гармхона хурд ҳам бошад, лекин ба шароити агроиқлимӣ мутобиқ карда мешавад.
Ба маълумоти Вазири кишоварзӣ, дар айни замон дар ин самт корҳо ҷараён доранд. Вазир ҳамчунин изҳори боварӣ кард, ки баъди амалӣ шудани ин ният масоҳати кишти гармхонаҳо зиёд шуда, мардум бо маҳсулоти тоза таъмин мегарданд.
Иззатулло Сатторӣ иброз дошт, ки соли сипаригардида масоҳати гармхонаҳо 3 гектар зиёд карда шуд, вале дар маҷмӯъ гармхонаҳои мавҷуда мардумро бо маҳсулоти тоза таъмин карда наметавонанд.
«Моро зарур аст, ки гармхонаҳои ҳозиразамонро бидуни истифодаи замин дар асоси гидропоника бунёд намоем»,-илова намуд вазири кишоварзӣ.

Январь 18, 2017 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид