Виталий Левченко: «Аз бозингарон даъво надорам»

Январь 11, 2017 11:57

ДУШАНБЕ, 11.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистони Виталий Левченко баъди бохт аз дастаи мунтахаби Булғория дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин бо натиҷаи 1:0 дар нишасти матбуотӣ изҳор кардааст, ки аз бозингарони даста барои ин бохт  даъво надорад. Дар ин бора сомонаи granatkin.com хабар медиҳад.

«Ин бозии дуюми мо буд. Дар вохӯрии аввал футболбозони мо қувваи зиёд сарф карданд ва то  бозии дуюм ба худ омада натавонистанд. Дар як маврид дар қисми аввал аз беаҳамиятӣ ҳуҷуми ҳарифон бо гол анҷом ёфт. Ҳарчанд дар нимаи дуюм ду маротиба мо имконияти баробар кардани ҳисобро доштем, вале онро истифода набурдем. Ман аз бозингарон даъво надорам ва умед мебандам, ки дар бозии охирини гурӯҳ ба ғалаба комёб мешавем ва муборизаро барои ҷом идома медиҳем»-овардааст сомонаи granatkin.com.

Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 18 солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Булғория, Юнон ва Эстония барои ду роҳхат ба даврҳои минбаъда мубориза мебарад ва баъди ду давр бо се имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.

Даври 1

Тоҷикистон – Юнон 1:0

Булғория – Эстония 0:0

Даври 2

Юнон- Эстония 4:0

Булғория — Тоҷикистон 1:0

 

    Б Ғ М Б Т/т И
1 Булғория 2 1 1 0 1-0 4
2 ТОҶИКИСТОН 2 1 0 1 1-1 3
3 Юнон 2 1 0 1 4-1 3
4 Эстония 2 0 1 1 0-4 1

 

Январь 11, 2017 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд