Як нигоҳ ба чор нуктаи муҳими Паёми Пешвои миллат

Январь 28, 2017 08:34

ДУШАНБЕ, 28.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббуси роҳбарияти олии мамлакат оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони ҷумҳурӣ саривақтӣ буда, барои дарк гардидани ҳадафҳои стратегӣ ва дарозмуддати кишвар мусоидат мекунад. Нуктаи дигари муҳими иқдоми мазкур- ин боло буодани эҳсоси кишваршиносӣ аст, ки дар дарозмуддат барои таҳким ва рушди Ваҳдати миллӣ таъсири мусбат мерасонад.

Барои ба таври пурра расонидани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат мехоҳам чор нуктаи муҳими Паёмро баён дорам:

Якум- Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 дар Тоҷикистон. Аҳамият ва зарурати сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар, пеш аз ҳама, дар Паёми Пешвои миллат ба таври васеъ зикр шудааст. Зимни суханронӣ дар чорабиниҳо барои муаррифии нуктаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон, алалхусус санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020»-ро ба таври хоса зикр менамоем. Зарфияти ҷавонон дар ҳифз ва таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ бисёр муҳим аст ва неруи ҷавонон барои муаррифии мусбати Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон имрӯзҳо васеъ истифода мешавад. Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз ҳар як ҷавони кишвар талаб менамояд, ки неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии худро барои рушди давлатдории миллӣ равона намуда, густариши афкори созандаро дар байни ҳамсолони худ тақвият бахшад. Соли ҷавонон фурсати муносиб барои боз ҳам қавӣ намудани мақоми ҷавонон дар ҷомеаи кишвар аст ва мо бояд зери сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, барои расидан ба дастовардҳои ҷиддӣ камари ҳиммат бандем.

Дуюм, сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон ва институти оила аҳамияти махсусро дорост. Зарурати боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва таҳкими институти оила дар Тоҷикистон ба рушди устувори давлатдории миллӣ таъсири мусбат мерасонад. Сиёсати Пешвои миллат оид ба дастгирии занон ва оила, пеш аз ҳама, ба оянда нигаронида шудааст. Зеро ҳар қадаре, ки оила мустаҳкам бошад, он ба таври табиӣ барои аз байн бурдани падидаҳои номатлуб мусоидат мекунад. Бинобар ин, дастгирии давлатии занон ва институти оила ба наслҳои минбаъда таъсири мусбати худро мерасонад.

Сеюм, пешгирии падидаҳои номатлуб, пеш аз ҳама, ифротгароӣ ва тундгароӣ миёни шаҳрвандон низ аз нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба шумор меравад. Қабул гардидани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар моҳи ноябри соли 2016 ва ҳамчун мушкилоти маҷмӯӣ муаррифӣ шудани ин падида барои дастабандии таҷрибаи миллӣ дар самти пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ имконияти фарохеро ба вуҷуд меорад. Зеро ифротгароӣ ва тундгароӣ ба давлатдории миллӣ хатари ҷиддӣ дошта, боиси боло рафтани эҳсоси бегонапарастӣ гардида, таъсири манфии худро ба арзиш ва анъанаҳои миллӣ мерасонад. Ибтикори давлат дар самти пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ, пеш аз ҳама, аз зарурати ҳифзи суботу амнияти миллӣ сарчашма мегирад. Зеро суботу амният ҳамчун заминаи асосӣ барои рушди устувори Тоҷикистон шинохта шуда, тақвияти он барои густариши ғояҳои худшиносӣ ва татбиқи зарфияти инсонӣ мусоидат мекунад.

Чорум, дар Паёми Пешвои миллат «сиёсати дарҳои кушод» ҳамчун асли сиёсати хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ шудааст. Ҳамзамон дар доираи татбиқи ин сиёсат самти афзалиятноки сиёсати хориҷӣ «камарбанди эътимод ва амният дар сарҳади Тоҷикистон» муайян гардида, он пеш аз ҳама, барои густариши робитаҳои кишвар бо давлатҳои ҳамсоя нигаронида шудааст. Бинобар ин, беҳбудии муносибатҳо бо давлатҳои ҳамсояро метавон аз рӯи ин иқдом, яъне «камарбанди эътимод ва амният дар сарҳади Тоҷикистон» бозгӯӣ кард.  Сиёсати дарҳои кушод барои ташаккули имиҷи мусбати байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд ва дар ҳамин замина ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат метавонанд далел бошанд. Боиси хурсандии мо аст, ки дипломатияи обию энергетикии Тоҷикистон барои муаррифии мусбати кишвари мо равона шуда, аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ ташаббуси Пешвои миллат- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028) қабулу ҷонибдорӣ гардид. Бинобар ин, сиёсати хориҷии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои ҳифз ва татбиқи манфиатҳои миллӣ нигаронида шудааст.

Ҳадафи аслии Паёми Пешвои миллат- ин ба вуҷуд овардани шароити арзанда барои зиндагии сазовори инсон дар Тоҷикистон буда, пояҳои давлати муосири миллиро тақвият мебахшад.

Шералӣ РИЗОЁН,

сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии

 сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Январь 28, 2017 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд