13 феврал — Рӯзи байналмилалии радио. «FM Ховар»-мавҷе, ки нур ва сурур дорад…

Феврал 13, 2017 14:58

Хабарҳои мавзӯъ

Радиои Ховар

ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 13 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии радио таҷлил мегардад. Ин сана аз ҷониби ЮНЕСКО дар 36-умин Конфронси Ассамблеяи Генералии СММ 3-юми ноябри соли 2011 қабул гардид. Ҷашнгирии ин рӯз ҳамчун рӯзи ҷаҳонии радио аз тарафи Шоҳигарии Испания пешниҳод шуда буд. Дар ҳақиқат радио воситаест, ки дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рўзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсиаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат, дўстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Дар Тоҷикистон 10 апрели соли 1930 бори аввал радио ба фаъолият оғоз кардааст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ шумораи радиоҳои давлатию хусусӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд гардидааст, ки мақсади аслии онҳо ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии Тоҷикистон бо ахбори ҷолибу созанда ва таъмини фароғату баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад.
Дар миёни радиоҳои фаъолиятбаранда дар қаламрави Тоҷикистон, яке аз ҷавонтарини онҳо ин Радиои «FM Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» мебошад. Он 2 июни соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №285 таъсис ёфтааст. Нахуст садои Радиои «FM Ховар» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он пахш гардид. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ, фарогирии мавҷи ин радио то шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи ин шаҳрҳо (рӯйи мавҷи 100,5 FM) васеъ карда шуд. Соли 2015 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва навоҳии атрофи он (рӯйи мавҷи 91,5 FM) дастрасии мавҷи Радиои «FM Ховар» имконпазир гардид. Хусусияти фарқкунандаи ин радио он аст, ки Радиои «FM Ховар» нахустин радио дар Тоҷикистон мебошад, ки тавассути Шабакаи ҷаҳонии интернет дар суроғаи www. Khovar.tj мавриди таваҷҷуҳи шунавандаҳо қарор гирифт.
Инак бештар аз 5 сол аст, ки садои Радиои «FM Ховар» дар баробари дигар расонаҳо, фазои иттилотии Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо бахшҳои хабарӣ ва барномаҳои ҷолибу рангин пур мекунад. Дар радио дар як шабонарӯз аз 35 то 40 нашри «Хабар», гузоришҳои фаврӣ, барномаҳои зиёди таҳлилӣ, сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ пешниҳоди шунавандаҳо гардонида мешаванд.

Саидҷаъфар АШӮРЗОД,

директори Радиои «FM Ховар»

Феврал 13, 2017 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

EKSPO-17-Ministr-SHvejtsarii-1Вазири корҳои хориҷии Швейтсария Дидйе Буркхалтер: «Тоҷикистониҳо тавонистанд дар ЭКСПО-2017 тамоми ҷаззобияти кишвари зебои кӯҳиро нишон диҳанд»
Олимпияда ИМА ГЕНИУС 2017Хонандагони тоҷик аз олимпиадаи «GENIUS-2017» 2 медали тилло ва 4 медали биринҷӣ оварданд
HovarПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲАНД. Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2017 аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Нелегал-0«Нелегал-2017»: 20 вайронкунандаи қонунгузории муҳоҷират аз Тоҷикистон хориҷ карда шуданд
DSC_0016Раиси Иттифоқи журналистон бо ҳайати кормандони АМИТ «Ховар» мулоқот намуд
Школьное питаниеҒизои мактабии Тоҷикистон дар ҷаҳон беҳтарин эътироф гардид!
Саидмукарам«Шариати исломӣ ба киҳо хӯрдани рӯзаро иҷозат медиҳад?»- фатвои раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода
№-33Хайру саховат дар моҳи шарифи Рамазон: дар Душанбе ронандаи микроавтобус омода аст, ки ду рӯз ба мусофирон ройгон хизмат расонад
Хуроки дурустҒизои дуруст аз шартҳои асосии доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мебошад
ДИС (2)Нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашон чанд аст ва чаро ронандагон бақия намедиҳанд?
руза-табибТавсияҳои табиби оилавӣ ба шахсоне, ки рӯза мегиранд
Сайт АМИТ ХоварШумораи хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» ба 4,2 миллион нафар расид!