14 феврал-Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб. Ба ҳамдигар ҳадя кардани ин ганҷи гаронбаҳоро фаромӯш накунед!

Февраль 14, 2017 15:42

14 феврал-рузи хадяи китоб _Гадобек Махмудов«Барои худшиносӣ китоб зарур аст. Барои шинохти дигарон ҳам китоб муҳимтар менамояд. Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки ҳусни дунёро намефаҳмад. Ҳамчунин халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе ойина рўи худро дида наметавонад».

Расул Ғамзатов

ДУШАНБЕ, 14.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Китоб яке аз воситаҳои расонанда ва маҳфуздорандаи шинохти ҳамаҷонибаи масоили илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсию динӣ ва нигаҳдорандаи таърихи башарият дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Инсоният маҳз тавассути китоб илму маърифат омўхта, фарҳанг ва ҷаҳонбинии худро ташаккул медиҳад. Агар ба авроқи таърих назар афканем, китоб заминаест барои рушду нумуи ҷомеаи башарӣ ва офариниши шахсиятҳо.

Дар ҷомеаи имрӯза ҳарчанд илму техника ба ҳадди боварнакарданӣ рушд меёбанд, новобаста ба ин китоб то ба ҳол мавқеи хешро устуворона нигоҳ медорад. Зеро китоб дар ҳама давру замон сарчашмаи илму дониш ва равшангари роҳи ҳаёти инсонҳо будаву хоҳад монд. Беҳуда нест, ки мутафаккирони мо китобро беҳтарин туҳфа барои ҳар як шахс хондаанд. Туҳфа кардани китоб ба нафаре яке аз фазилатҳои накӯи инсонӣ буда, пайваста такрори ин амал ба кас хушнудиву фараҳ ва ба нафари ҳадягиранда як ҷаҳон ғизои маънавӣ  мебахшад. Агар то ба ҳол ба касе китобе ҳадя накарда бошед, пас имрӯз маҳз ҳамон рӯзест, ки ин амалро бояд анҷом диҳед. Зеро имрӯз- 14 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун рӯзи ҳадяи китоб пешвоз мегирад.

Шурӯъ аз соли 2012-ум 14 феврал ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб  (International Book Giving Day) ҷашн гирифта мешавад. Рўзи ҳадяи китоб-иде, ки на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гашт, балки ба он хотирест, ки ин ид пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Пешниҳодкунандаи он як зани одии америкоӣ –Эмми Бродмур ба шумор меравад. Зане, ки сомонаи китобҳои кӯдаконаро дар ИМА ба роҳ мондааст. Пайдоиши ин ҷашн таърихи аҷиб дорад. Боре яке аз фарзандонаш аз Эмми пурсид, ки чаро рўзи хосе нест, ки одамон ба якдигарашон китоб ҳадя кунанд. Ин саволи кӯдак  боиси ба вуҷуд омадани ин ҷашн гардид.  Бо ташаббусҳои хеш Эмми дар соли 2012  14 февралро ҳамчун Рўзи ҳадяи китоб пешвоз мегирад. Ин пешниҳоди кӯдак ва ташаббусҳои модар сабаб шуданд, то имрўзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб ҷашн бигиранд. Дар ин рўз хеле хуб аст, то китобро аввал ба кӯдакон ва онҳое, ки дастрасиашон ба китоб бо сабабҳои гуногун маҳдуд аст, ҳадя намоем.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз зумраи китобхонаҳое мебошад, ки дар самти муаррифӣ ва ҳадяи китобҳо нақши намоён дорад. Тавре ба мо муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов иброз дошт, ҳадафи асосии ин ҷашн баланд бардоштани нақши китоб дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон бо мақсади бедор кардани рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад. «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили ин ҷашн аллакай аз ҷониби баъзе муассисаҳо, корхонаю ташкилотҳо амалӣ мегардад. Аз ҷумла, Китобхонаи миллии Тоҷикистон тайи ду сол аст, ки ҳадяи китобҳо ба ташкилотҳо, китобхонаҳо ва муассисаҳои таълимиро ба роҳ мондааст»,-иброз дошт мавсуф.

Ба гуфтаи Гадобек Маҳмудов, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хонаи кӯдакони №1-и махсусгардонидашудаи шаҳри Душанбе зиёда аз 519 нусха китобҳои кӯдаконаро ҳадя кард. Маҳмудов ин амалро иқдоми  хуб дониста, гуфт, ки Китобхонаи миллӣ кӯшиш мекунад чунин иқдомҳоро бештар ба роҳ монад.

Бояд гуфт, ки Китобхонаи миллӣ ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ва муассисаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар соли 2016 зиёда аз 70 ҳазор номгӯй китобро ройгон туҳфа кардааст. Мақсади асосӣ пурра гардонидани фонди китобхонаҳо ва ба ин васила, ҷалби бештари хонандагон ба китобхонист.

Бино ба гуфтаи Гадобек Маҳмудов, Китобхонаи миллӣ аз ташкилоту муассисаҳои дохил  ва берун аз кишвар, инчунин аз шахсони алоҳида дар соли 2016 зиёда аз 28 ҳазор номгӯй китобро ба шакли ҳадя қабул кардааст, ки пеш аз ҳама, ин саҳми дастгоҳи иҷроияи Президент аст. «Зиёда аз 7 ҳазор номгӯйи он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дигар китобҳое ҳастанд, ки ба фонди китобхона бо мақсади мутолиа тақдим шудаанд. Мо дар оянда кӯшиш мекунем, ки Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як ташаббуси эҷодкорона ба роҳ монда шавад»,- зикр намуд Гадобек Маҳмудов.

Китоб ганҷинаи бебаҳоест, ки роҳи тираро равшан ва қалби инсонҳоро саршор аз меҳру муҳаббат мегардонад. Китоб ҳадя кардан рамзи эҳтиром ва нигоҳдошти суннати аҷдодии мост. Пас ба ҳамдигар ҳадя кардани ин сарчашмаи гаронбаҳоро фаромӯш накунед.

Шаҳлои САДРИДДИН

14 феврал рузи хадяи китоб 2 14 феврал рузи хадяи китоб 3

 

Февраль 14, 2017 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид