21 феврал-Рӯзи байналмилалии забони модарӣ: Дар «Китоби сурхи забонҳо»- и ЮНЕСКО 11 забони Тоҷикистон ворид гардидааст

Февраль 21, 2017 12:15

ДУШАНБЕ, 21.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 21 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил менамояд. Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар 30-юмин иҷлосияи конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардид.   Дар ҳоли ҳозир дар рӯйи дунё  зиёда аз 6000 (аниқтар 6809) забон мавҷуд аст. Имрӯзҳо мувофиқи ҳисоботи омории ЮНЕСКО дар ду ҳафта як забон аз байн рафта истодааст ва пешгӯӣ мешавад, ки аз 6000 забони рӯйи замин то охири асри 21 нисфи он  аз байн хоҳад рафт.

Забони тоҷикӣ, ки суннатҳои қадимӣ дошта, дар ташаккули тамаддуни умумибашарӣ мавқеи хоса дорад, забони модарии миллати тоҷик буда, ҳамзамон мақоми забони давлатиро доро мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳифзи забонҳои ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд,  тибқи моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи озодонаи забони модарии тамоми халқияту миллатҳо ҳуқуқ додааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  нишонаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати давлатӣ оид ба забон мебошад.

Ба иттилои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба «Китоби сурхи забонҳо»- и ЮНЕСКО   11 забони Тоҷикистон- яғнобӣ, арабии осиёимиёнагӣ,  перя (париягӣ), язгуломӣ, бартангӣ, орошорвӣ, рӯшонӣ,  шуғнонӣ, ишкошимӣ ва вахонӣ ворид гардидаанд.

Ба андешаи Сахидод Раҳматуллозода, Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ, забонҳои помирӣ, яғнобӣ ва париягӣ  тақдирҷунбони забони тоҷикӣ мебошанд. Зеро дар таркиби луғавии ин забонҳо садҳо калимаҳое мавҷуданд, ки решаашон ба умқи таърих меравад. Яъне решаи ин калимаҳо аз забони форсии қадим ва миёна об мехӯрад ва ин калимаҳо барои ба вуҷуд овардани луғатҳои этимологии забони тоҷикӣ хизмат мекунанд.

Забоншинос Сахидод Раҳматуллозода мегӯяд, ки вақте бостоншиносон навиштаҷоти давраи суғдиро дарёфтанд, забони имрӯзаи яғнобӣ барои хондани матнҳои он бисёр кумак кард, чунки ин забонҳо ба ҳамдигар шабоҳати зиёд доранд. Ин забонҳо ҳарчанд, ки қадимӣ ва давоми бевоситаи забонҳои форсии шарқии эронӣ ҳастанд, вале хат надоранд.

Ба андешаи муҳаққиқон, забони яғнобӣ аз забони суғдӣ боқӣ монда, яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба шумор меравад. Яғнобиён меросдорон ва меросбарони суғдиён буда, ҳанӯз дар замонҳои давлатдории Суғду Бохтар бо фарҳанги олии худ шӯҳрат доштанд. Ин мардум тамоми ҷафоҳои сиёсиву таърихиро аз сар гузаронида, муқаддастарин дороӣ – забони суғдиро, ки имрӯз ба номи «яғнобӣ» ё «суғдии нав» маъмул аст, ҳифз намудаанд. Истифодабарандагони ин забон дар кишвари мо зиёда аз 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки дар дараи Яғноб дар водии Зарафшон, Варзоб ва бархе аз рустоҳои дараи Варзоб ва Ҳисор  иқомат мекунанд. То соли 2004 кӯдакони яғнобӣ то синфи 2 ин забонро дар мактаб меомӯхтанд ва китобҳо ҳам  то синфи 4 навишта шуда буданд. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун таълим бо забони яғнобӣ барҳам дода шуд. Ба гуфтаи пажӯҳишгар, дар Тоҷикистон нисбат ба дигар забонҳо хатари аз байн рафтани забони яғнобӣ вуҷуд дорад. Чунки ин мардум имрӯз сарҷамъ зиндагӣ надоранд. Замони Шӯравӣ як қисми мардуми Яғноб ба даштҳо ва заминҳои ноҳияи Зафаробод ва Шаҳритус  кӯч дода шуданд, ки дар натиҷа бо аҳолии бумии ин ё он минтақа ҳамроҳ шуданд. Фарзандони онҳо имрӯз забони яғнобиро мисли падару бобоҳояшон намедонанд. Агар ин ҳолат аз насл ба насл идома ёбад, баъди солҳои зиёд гӯяндагони забони яғнобӣ ангуштшумор мешаванд. Вале зиндагии забонҳои помирӣ тӯл мекашад. Чунки истифодабарандагони ин забонҳо сарҷамъ буда ва дар байни кӯҳҳо ҷойгиранд, ки таъсири забонҳои бузург ба онҳо камтар мерасад. Яъне ин забонҳо ҳудуди 1,5 ҳазор сол бетағйир мондаанд ва ҳазорсолаи дигар ҳам бетағйир хоҳанд монд. Ҳарчанд донишмандони тоҷик барои сохтани алифбои бадахшонӣ кӯшишҳои зиёд карданд, то он дар мактабҳои Бадахшон тадрис шавад, вале ин кӯшишҳо бенатиҷа монданд. Тоҷикистон барои равнақи забонҳои бадахшонию яғнобӣ имкониятҳои зиёдро фароҳам овардааст. Мо,- мегӯяд С. Раҳматуллозода, -бояд ин забонҳоро омӯзем, луғатномаҳо тартиб диҳем, то ин забонҳо аз байн нараванду ҳазорсолаҳои дигар ҳамчун бойигарии маънавии миллӣ ҳифз карда шаванд.

Ягноби

Вале Саодатшо Матробиён, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон забонҳоро  аз рӯйи таҳдиди хавфи нобудшавӣ ба 5 дараҷа ҷудо карда, зикр намуд, ки забонҳои помирӣ (бадахшонӣ) ва язгуломӣ ба дараҷаи 5-уми забонҳои азбайнраванда – забонҳои коҳида ворид гардидаанд. Забонҳои дараҷаи коҳида  забонҳое мебошанд, ки бо онҳо қисми зиёди кӯдакон гуфтугӯ мекунанд, аммо истифодаи он метавонад маҳдуд бошад.  Дар доираи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» вобаста ба ҳифзу нигаҳдошти забонҳои бадахшонӣ ва забони яғнобӣ як қатор нақшаҳо амалӣ гардиданд. Пеш аз ҳама, ин забонҳо, ки ҳамчун забонҳои бехат ёдовар мешуданд, дар даврони Истиқлолият соҳибхат гардида, бо ин забонҳо асарҳои илмӣ ва таълимӣ  таълиф гардида истодаанд. Ҳамсуҳбат зикр намуд, ки қисми 2-и моддаи 4-и боби аввали Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»   барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои ақаллиятҳои забонӣ  бахшида шудааст. Ба забонҳои ақаллиятҳои забонӣ  забонҳои помирӣ (бадахшонӣ) ва забони яғнобӣ дохил мешаванд, ки дар таърихи миллати тоҷик нақши муайян доранд. Ин нукта дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид шудааст: «Имрӯзҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати бойигарии забонӣ осорхонаи зиндаи таърихӣ аст. Чанде аз забонҳои қадим, ки шомили гурӯҳи забонҳои шарқӣ- эронӣ мебошанд, дар Бадахшон ва соҳили болоии дарёи Зарафшон маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд. Ин забонҳо хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, ки ҳифзу баррасии илмии онҳо бояд муҳайё карда шавад… Тағйироте, ки дар асоси талаботи давраи нави таърихи миллати мо ба вуқӯъ мепайванданд, забонҳои помириро ба тағйироти сифатӣ дучор хоҳанд намуд, вале мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин забонҳоро ба сифати бойигарии маънавии миллӣ нигаҳ дошта бошем».          

  Ба маълумоти Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишмандони тоҷик кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки луғатҳои шевагиро ҷамъоварӣ намуда, нашр кунанд. Бо ҳамин мақсад Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ шеваи ҷанубии забони тоҷикиро омӯхта, «Фарҳанги гӯишҳои забони тоҷикӣ»-ро дар ҳаҷми ҳазор саҳифа нашр кард. Имрӯз донишмандони институт ба ҷамъоварии шеваи шимолии забони тоҷикӣ машғул буда, дар ояндаи наздик он ҳам дар шакли фарҳанг чоп хоҳад шуд. Инчунин интизор меравад, ки луғати забонҳои бадахшонӣ ҳам интишор гардад.        Албатта, инкишофи бемайлони илму техника дар замони муосир ба забон бетаъсир нахоҳад монд. Бо рушду тавсеаи технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ ва иртиботӣ ҷаҳони муосир аз даврони пешинаи таърихи башарият тавофут дорад, ки ин раванд, аз як тараф, боиси инкишофу густариши робитаҳои гуногун дар байни мардумони маскуни минтақаҳои мухталифи ҷаҳон гардида, торафт теъдоди зиёди одамонро фаро мегирад ва аз тарафи дигар, боиси ба вуҷуд омадани шаклҳо ва воситаҳои мукаммалтарини робитаи байни фардҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта, ба яке аз омилҳои муҳими гароиш ба ҷаҳонишавӣ дар шароити кунунӣ табдил меёбад. Дар ин раванд нақши забон ҳамчун муҳимтарин воситаи робитаи байни инсонҳо беш аз пеш муҳимтар мегардад, зеро фарогирии ҳар навъ иттилоот новобаста ба роҳҳо ва усулҳои интиқоли он танҳо ба воситаи забон сурат гирифта метавонад. Аз ин рӯ, ҳифзи забони давлатӣ имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Мавҷуда АНВАРӢ

Февраль 21, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат