5 феврал- Рӯзи байналмилалии интернети бехатар. Соли 2015 зиёда аз 110 кишвари ҷаҳон ин рӯзро ҷашн гирифтанд

Февраль 5, 2017 08:18

Инет ТЧ-4ДУШАНБЕ, 05.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи пайдоиши интернет ба 2-юми январи соли 1969 рост меояд. Маҳз дар ин рӯз идораи тадқиқотӣ-пешгӯикунии Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико корро оид ба лоиҳаи алоқаи компютерҳои ташкилотҳои мудофиавӣ оғоз намуд. Дар натиҷаи тадқиқот шабакаи ARPANET  ташкил шуд. Пас аз он шабакаҳои компютерии мамлакатҳои гуногун муттаҳид шуданд ва солҳои 1990-ум Интернет бо намуди ҳозирааш пайдо гашт.

Бо мурури замон дар Интернет ҳазорҳо шабакаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд ва бисёр одамон онро ҳамчун бозор, махсусан бозори реклама ва ё тарғиби маводи фаҳш истифода намуданд.

Ин раванд ба он водор намуд, ки 5 феврали соли 2004 бо ташаббуси Комиссияи аврупоӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии интернети бехатар таҷлил карда шуд. Ҳамасола дар ҷаҳон якшанбеи аввали моҳи феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии интернети бехатар ҷашн гирифта мешавад.

Мақсади асосии Рӯзи байналмилалии интернети бехатар- ин бештар  таблиғ намудани бехатарӣ ва ҷавобгӯ будани истифодаи онлайн-технология ва телефонҳои дастӣ, махсусан дар байни наврасон ва ҷавонон дар тамоми ҷаҳон мебошад.

Таъмини бехатарӣ дар интернет яке аз талаботи мавҷуда дар инкишофи ҳаёти имрӯза мебошад, зеро он имрӯз ба тиҷорат табдил ёфтааст, харидуфурӯш мешавад ва дар ҳаёти инсоният нақши калон дорад.

Аз соли 2005 ҳамоҳангсози Рӯзи байналмилалии интернети бехатар дар ҷаҳон корхонаи ғайритиҷоратии Insafe мебошад.

Соли 2015 зиёда аз 110 кишвари дунё Рӯзи байналмилалии интернети бехатарро ҷашн гирифтанд.

Инет ТЧ Инет ТЧ-2 ИНЕТ ТЧ-3

Вазифа ва мақсади асосии Рӯзи умумиҷаҳонии интернети бехатар- ин барпо намудани муколамаи истифодабарандагони хизматрасониҳои интернетӣ, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони муассисаҳои тиҷоратӣ бо масъулини хизматрасониҳои интернетӣ мебошад. Онҳо инчунин бо мақсади зиёд кардани мизоҷони худ барномаҳои махсуси бехатарии интернетиро маҳз барои наврасон ва ҷавонон ташкил намудаанд.

Дар Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Душанбе бисёр марказҳои хизматрасонии интернетӣ фаъолият мекунанд, ки ин аз як ҷиҳат метавонад нафъ дошта бошад ва аз тарафи дигар зиён расонида метавонад. Чаро?

Дар шаҳри Душанбе сокинони маҳаллӣ ва намояндагони халқу миллатҳои дигар зиндагӣ ва фаъолият мекунанд. Онҳо интернетро барои дастрас намудани мактубҳо, китобҳо, суҳбат ва ғайра истифода мебаранд.

Умуман тамоми аҳолӣ шабакаи интернетро метавонанд ба манфиати худ, барои дониш гирифтан, мукотиба кардан, сарфи вақт, китобҳои электронӣ хондан ва ғайра истифода баранд.

Вале дар баробари ин,  наврасону ҷавонон дар марказҳои хизматрасонии интернетӣ бо бозиҳо ва тамошои ҳар гуна расму видеоҳо машғул шуда, вақти худро пурсамар истифода намебаранд. Танҳо қисми ками онҳо бо мақсади  хондани китоб ва омӯхтани илмҳои замонавӣ бо интернет сару кор мегиранд. Баъзе наврасону ҷавонони тоҷик то ҳол маданияти истифодаи интернетро намедонанд. Ин дар ҳолест, ки ба воситаи интернет хавфи ба доми авбошону фиребгарон ва ҷинояткорон афтодани онҳо мавҷуд аст.

Бо мақсади пешгирии ин ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказҳои хизматрасонии интернетӣ даромадани ҷавононе, ки синнашон ба 18 нарасидааст, манъ карда шудааст.

Аз ин лиҳоз хуб мешуд дар ин рӯз дар мактабу таълимгоҳҳо дарси интернети бехатар гузаронида, оид ба маданияти истифодаи интернет дастури махсус бароварда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи маориф, ташаккули пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, таъмини сифати таҳсилот ва рушди тафаккури техникии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардида буд.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР

Февраль 5, 2017 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд