9 феврал- Рӯзи байналмилалии стоматологҳо. Стоматология дар Тоҷикистон рушд меёбад

Февраль 9, 2017 16:06

Стаматолог ФАРХОД ( хаби Ибодат )ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 9 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии стоматологҳо таҷлил мекунад. Ин рӯз беш аз 30 сол мешавад, ки дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта шуда, дар ин рӯз чорабиниҳои гуногун низ гузаронида мешаванд. Бояд гуфт, ки стоматология дар Тоҷикистон солҳои охир хеле рушд ёфтааст. Усулҳои нави дандонгузориву табобати дандон роҳандозӣ шуда, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик мешаванд. Айни замон дар ҷумҳурӣ бисёр марказҳои давлатию ғайридавлатии стоматологӣ фаъолият мекунанд.
Бахшида ба ин рӯз мухбири АМИТ «Ховар» бо Фарҳод Идрисов, мудири маркази стоматологияи хусусии шаҳри Душанбе, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ оид ба вазъи дандонпизишкӣ ҳамсуҳбат гардид.
«23 сол мешавад, ки ҳамчун дандонпизишк фаъолият мекунам. Гуфта метавонам, ки назар ба солҳои пешин стоматология дар Тоҷикистон ҳоло хело пеш рафтааст. Шароити хуб, таҷҳизоти наву ҳозиразамон дар марказҳои табобатӣ муҳайё гардида, кори мутахасиссон ҳам хуб роҳандозӣ шудааст. Ҳамчунин усулҳои нави импланталогия, таҷҳизоти ҷарроҳӣ, усулҳои беҳискунии дандонҳо ва дорувориҳои нав истифода бурда мешаванд», -зикр намуд Ф. Идрисов.
Тавре маълум аст, баъзе бемориҳои сироятӣ зимни табобати дандон мегузаранд. Дар ин бора Ф. Идрисов зикр намуд, ки «беморӣ ё вирусе, ки тариқи табобати дандон имконияти сироят карданаш бештар аст, ин вируси гепатит мебошад. Барои пешгирии ин гуна ҳодисаҳо табибон асбобу анҷоми яккаратаро истифода мебаранд».
«Ба маркази мо рӯзе то 10-15 нафар барои табобати дандон муроҷиат мекунанд. Бештари онҳо ҷавонон мебошанд, ки ҳолати беҳдошти дандонро хуб риоя намекунанд. Аз ин сабаб дандонҳо тез рӯ ба вайроншавӣ меоранд»,- гуфт дандонпизишк.
«Бояд гуфт, ки дандонҳо бештар шабона сироят меёбанд. Аксарияти одамон баъд аз хӯрдани таом дандонҳои худро тоза намекунанд. Аз ин сабаб микроорганизмҳо пайдо мешаванд, ки аз таъсири бактерияҳо дандонҳо тез вайрон мешаванд. Ман ҳамчун дандонпизишк тавсия медиҳам, ки бояд ҳар як нафар барои нигоҳубини дандонҳои худ аввал ҳолати тозагии дандонро риоя кунад. Дар як рӯз ду маротиба- саҳар ва шаб бояд дандонҳоро бо хамираи дандонтозакунӣ ҳатман тоза кунанд»,- илова намуд Фарҳод Идрисов.

Февраль 9, 2017 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд