Абдураҳмон Хонов: «Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ масъулияти имрӯзаи мост»

Февраль 8, 2017 16:37

Абдурахмон ХоновДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз падидаҳои бисёр ҳам номатлуби ҷаҳони имрӯза- ин гаравиши бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ сабабу омилҳои ин раванди номатлуби иҷтимоиро ҳамеша мавриди баҳс қарор медиҳанд ва роҳҳои дур кардани ҷавонони кишварро аз ин гуна ҳизбҳо меҷӯянд. Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов зикр намуд, ки яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро- баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии онҳо мебошад.
«Қабл аз он, ки мо дар бораи сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон сухан кунем, бояд омилҳои асосии пайваст шудани ҷавононро ба ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мушаххас намоем. Омилҳо гуногунанд. Имрӯзҳо дар замони ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳ ба фарҳанги бегона ва бархӯрди андешаҳо хеле зиёд ба назар мерасад. Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза мо бояд ба ҳамин ҷараёнҳои манфии ҷаҳонишавӣ муқобилият карда тавонем. Дар ҳифзи ҳувияти миллии худ ва нигаҳдошти арзишҳои маънавии худ бояд ҳар шахс масъулият дошта бошад»,-илова намуд Абдураҳмон Хонов.
Бино ба гуфтаи Абдураҳмон Хонов, ҳар ҷавоне, ки аз сиёсати давлати худ бохабар аст, бояд мавқеи давлати худро дар раванди ин падидаҳо дар ин рӯйдодҳои сиёсӣ мушаххас намояд ва ба ватану миллати худ ҳаргиз хиёнат накунад. «Дар шароити имрӯза мо ба баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷавонон бисёр зарурат дорем. Равандҳои сиёсие, ки дар ҷаҳони имрӯза ба вуқӯъ меоянд, бояд ҳар ҷавон аз он огаҳии комил дошта бошад ва ба ҳар як падидаю рӯйдоди сиёсие, ки дар ҷаҳони имрӯза ба миён меояд, бояд баҳои сиёсӣ дода тавонад. Ҷавонон бояд мавқеи худ, давлат ва миллати худро мушаххас ифода карда тавонанд»,-зикр намуд роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Ба андешаи мусоҳиб, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бояд миёни ҷавонон корҳои махсуси фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шаванд. «Пеш аз ҳама, мо бояд майли ҷавононро ба фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ зиёд намоем. Ин яке аз омилҳои бисёр ҳам таъсирбахш ҷиҳати пешгирии ифротгаро шудани ҷавонони кишвари мо шуда метавонад»,-баён дошт А.Хонов.
Мавриди зикр аст, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон такя ба ҷавонон доранд, зеро ҷавонон насли пешбаранда ва созандаи миллат буда, бо нангу номус ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ метавонанд кишварро ба давлати мутараққӣ ва пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳанд.

Февраль 8, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт