«Ал-Аҳром»-и мисрӣ дар бораи ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ

Февраль 27, 2017 15:29

ДУШАНБЕ, 27.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврали соли 2017 дар бузургтарин рӯзномаи Миср «Ал-Аҳром» мақолае зери унвони «Бо иштироки миллӣ… СММ Даҳсолаи «Об барои рушд»-ро ба тасвиб расонид» ба чоп расид, ки муаллифи он доктор Ҳола Закӣ мебошад. Мақола ба ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бахшида шудааст. Тарҷумаи фишурдаи мақолаи мазкурро дар зер пешниҳоди хонандагон менамоем.

«Бо иштироки миллӣ… СММ Даҳсолаи «Об барои рушд»-ро ба тасвиб расонид

Маҷмаи Умумии СММ ибтикори Тоҷикистон зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди пойдор», 2018-2028-ро ба тасвиб расонид. Онро 177 кишвари узви СММ, аз ҷумла Миср пазируфтанд. Даҳсолаи мазкур аз Рӯзи ҷаҳонии об 22 марти 2018 оғоз хоҳад ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ибтикорро дар ҳафтумин анҷумани ҷаҳонии об, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, эълон намуд. Ӯ ба он истинод намуда буд, ки об унсури муҳим дар рушди пойдор ва зудудани нодорӣ ба шумор меравад. Ӯ ба пайванди байни об, неру, амнияти ғизоӣ, тағзия ва вуҷуди об ба сифати унсури ҳаётӣ дар расидан ба ҳадафҳои рушди пойдор ва ҳадафҳои дигари марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зистмуҳитӣ таъкид карда буд.

Ин дар замоне рух медиҳад, ки Маҷмаи Умумии СММ ба аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ ва иштирок дар ҳамаи сатҳҳо ба манзури расидан ба ҳадафҳои рушде, ки дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об ва беҳдошт ҳамоҳанг шудаанд, иқрор мекунад ва ҳадафҳову вазифаҳои рушди пойдори марбут ба захираҳои обӣ, аз ҷумла ҳадафҳову вазифаҳои омада дар Барномаи рушди пойдори соли 2030-ро таъкид менамояд. Маҷмаи Умумии СММ азм дорад, ки ба ҳадафи таъмини об ва хадамоти беҳдошт барои ҳама ва мудирияти он ба гунаи пойдор ноил гардад. Об унсури муҳиме дар рушди пойдор, зудудани нодориву гуруснагӣ ба шумор рафта, байни он ва неру, амнияти ғизоӣ ва тағзия пайванд вуҷуд дорад. Он инчунин унсури муҳим дар расидан ба ҳадафҳои рушди пойдор ва ҳадафҳои дигари дахлдор мебошад.

Бино бар ин, интизор меравад, ки солҳои оянда шоҳиди густариши барномаҳо ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ ва шарокат дар тамоми сатҳҳо ба манзури мусоидат ба таҳаққуқи ҳадафҳову вазифаҳои рушди марбут ба об, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг гардидаанд, аз ҷумла ҳадафҳои омада дар Барномаи рушди пойдори соли 2030 шаванд».

 

 

Февраль 27, 2017 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд