Ғалабаи сеюми «Истиқлол» дар Ҷоми ФФТ

Февраль 25, 2017 11:15

ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дирӯз баъди ғалаба дар бозии финалии Ҷоми ФФТ бар  «Регар — ТадАЗ»-и Турсунзода  бо натиҷаи 2:1 маротибаи сеюм соҳиби Ҷоиза гардид.

Мубориза дар майдонии бозӣ ниҳоят тезутунд буд. Дилшод Восиев баъди дар нимаи дуввум ба майдон омаданаш қаҳрамони ин вохӯрӣ гардида, дар дақиқаи 67-ум ҳисобро кушод. Як дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосӣ бо кумаки Ҷаҳонгир Алиев, ки ӯ низ дар нимаи дуввум ба майдон омада буд, Дилшод голи дуввуми худ ва дастаашро ба нишон расонида, масъалаи ғолибиятро дар ин бозӣ ҳаллу фасл кард. Капитани «Регар – ТадАЗ» Алишер Шарифов (90+3) дар ҷамъабасти бозӣ голи тасаллиятро ба дарвозаи Никола Стошич зад.

Дар ин вохӯрӣ Сиёвуш Асроров (31-ум дақиқа) баъди дағалӣ бо корти сурх аз майдон ронда шуд. Дар мавриди дигар капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев зарбаи ҷаримавии 11 метра-пеналтиро (29-ум дақиқа) ба нишон нарасонид. Дарвозабони «Регар — ТадАЗ» Далер Азизов онро дошта гирифт.

Баъди анҷоми вохӯрии финалӣ роҳбарони ФФТ ба ғолибон ва барандагони ҷойи якум-«Истиқлол»,дуввум-«Регар — ТадАЗ» ва сеюм-«Кӯктош» медалҳо ва Ҷоми мусобиқаро супориданд.

Ҷоми ФФТ. Финал

«Истиқлол» (Душанбе) — «Регар — ТадАЗ» (Турсунзода) -2:1.

Муаллифи голҳо: Дилшод Восиев  67 (1:0), Дилшод Восиев 89 (2:0),Алишер Шарифов 90+3 (2:1)

Пеналтӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев «Истиқлол» 29, дарвозабон.

Ҳайати дастаҳо: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов, Алишер Шарифов, Фаррух Чориев, Фарҳод Холбеков (Комрон Турсунов, 77), Фирӯз Қараев, Расул Файзов, Бахтиёр Қаландаров, Бахтиёр Чориев, Шерзод Маҳамадиев (Азиз Мансуров, 78), Азим Тошев, Евгений Хотимский.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Дэвид Мавутор (Соҳиб Саванқулов, 90+2), Артем Барановский, Амирбек Ҷӯрабоев, Нуриддин Давронов, Аҳтам Назаров, Ҷахонгир Эргашев (Ҷахонгир Алиев, 59), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 75), Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 59), Дмитрий Барков.

Огоҳӣ: Нуриддин Давронов, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Далер Азизов, Алишер Шарифов, Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон ронда шуд: Сиёвуш Асроров («Истиқлол»), 31 – ум дақиқа, барои бо сар зарба задан ба рақиб .

Довари майдон: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа) – 7,8.

Нозири доварон: Раҳимҷон Шарифов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

Февраль 25, 2017 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии санҷишӣ тими миллии Чинро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
ҶУДО. Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии Гран – Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад