Ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид

Февраль 17, 2017 09:18

баимзорасии протоколДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 15-16 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳайати Ҷумҳурии Туркияро муовини Сарвазири ин кишвар Йлдирим Туғрул роҳбарӣ намуданд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ муҳокима гардида, ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки Туркия дар даҳ соли охир дар самти ислоҳоти иқтисодиёт ва рушди саноат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ба содиркунандаи азими молу маҳсулот табдил ёфтааст. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар заминаи принсипҳои шарикии ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд асос ёфтааст. Роҳбарони ҳайатҳои ҳарду ҷониб аҳамияти рушди ҳамкориро дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, хизматрасонии фармоишӣ, бонкдорӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, танзими техникӣ, стандартизатсия, меҳнат, тандурустӣ ва маориф таъкид доштанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин татбиқи Протоколи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркияро оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки 29-30 ноябри соли 2012 дар шаҳри Анқара баргузор гардида буд, баррасӣ намуданд.
Дар интиҳои ҷаласа Протоколи ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расид.

Февраль 17, 2017 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд