Анҷоми сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2017 12:23

ДУШАНБЕ, 28.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар ҳошияи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хосса ва дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор шуд.

Дар суҳбати самимӣ сарони давлатҳо масоили марбут ба натиҷаҳои сафар ва роҳу усулҳои тадбиқи мувофиқаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба муҳимияти иҷрои санадҳои нави ҳамкорӣ фикри мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Бо ҳамин сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат дар таърихи 27-28 феврали соли 2017 ҷараён гирифт, бо натиҷаҳои пурарзиш барои ҳар ду ҷониб ба охир расид.

Дар доираи ин сафар дидору вохӯрии хоссаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва мулоқоту музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ баргузор шуда, 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои алоқа, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, сайёҳӣ ва тарбияи ҷисмонӣ такони тоза бахшида, ба тақвияти бештари ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россияро дар соли 2017 мусоидат менамояд.

Февраль 28, 2017 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд