Ҷавонони Сарбанд дар рушди Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоранд

Февраль 2, 2017 15:32

ХатлонДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Сарбанд дар қасри фарҳанги шаҳр баргузор гардид. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа Раиси шаҳри Сарбанд Санавбар Самизода ҷавононро бо Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳадаф аз таъсиси Шӯро ба таври доимӣ дар ҳузури Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр мебошад.
«Умед дорем, ки ҷавонони шаҳр дар қатори ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар корҳои созандагӣ, ободонӣ ва бунёдкории мамлакат фаъолона ширкат варзида, дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд»,-иброз дошт Санавбар Самизода.
Дар ҷаласа ҳамчунин котиби Шӯро, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Азиз Азимов, муовини директори Неругоҳи барқи обии Сарбанд Умеда Хайруллоева аз ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, ваъда доданд, ки барои сазовор будан ба ин бовариву ғамхорӣ ҳамеша талош хоҳанд кард.

Февраль 2, 2017 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»