Аз он сӯи футбол. Месси барои худ оромӣ харид

Февраль 10, 2017 17:52

МессӣДУШАНБЕ, 10.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Яке аз ҳуҷумкунандагони беҳтарини дунё ва клуби футболи «Барселона» Леонел Месси, ки оромиву хомӯширо дӯст медорад, барои аз ҳамсояҳои сермағали худ халос шудан хонаи онҳоро харидорӣ кард. Дар ин бора ҳамдастаи ӯ Иван Ракитич дар «Bleacher Report» хабар медииҳад. «Вақте ки Месси дар наздикии шаҳри Барселона- Кастелдефелсе хона харид, ба ҳамсояҳои сермағал гирифтор шуд. Дар натиҷа барои аз онҳо халос шудан ӯ хонаи онҳоро харид, то ором зиндагӣ кунад»,-гуфтааст Ракитич.
Дар бораи арзиши хона маълумот нарасидааст.
20 январ хабаре интишор шуд, ки Мессии 29-сола футболбози маошаш аз ҳама баландтаринро дар ҷаҳон ба худ моил хоҳад кард. Дар ин бора роҳбарияти КФ «Барселона» шартномаи нави худро бо Месси то давраи анҷом додани карйераи футболбозиаш омода кардааст ва падари Месси алакай ба Барселона барои бастани шартнома ҳозир шудааст.
Айни замон Месси дар як ҳафта 316 ҳазор евро (338,5 ҳазор доллар) маош мегирад ва маоши баландтарин ба ҳамватани ӯ Карлос Тевес тааллуқ дорад ( 615 ҳазор фунт стерлинг=763,3 ҳазор доллар дар як ҳафта).

Февраль 10, 2017 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад