Аз рӯзҳои аввали баҳор омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон ба дарс бо либоси миллӣ мераванд

Февраль 21, 2017 09:07

пушидани куртахои мили дар мактабхоДУШАНБЕ, 21.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Моҳе қабл Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиб ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон ва таҷлили шоистаи Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳама муассисаҳои таълимӣ дархости расмӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои Амиршоҳ Ҷаъфаров, мутахассиси пешбари Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи дархости расмӣ бояд омӯзгорону донишҷӯдухтарон ва ҳамчунин толибаҳои мактабҳои миёна аз 1 марти соли равон то анҷоми ҷашнҳои наврӯзӣ ба дарсҳо бо либоси миллии аз матои атласу адрас ва чакан бо сабку услуб ва нақшу нигори миллӣ дӯхташуда ҳозир шаванд.
Дар ин маврид ба мухбири АМИТ «Ховар» Назмия Қулматова, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар муассисаи таҳсилотии миёнаи умумии №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иброз дошт, ки «чунин як дастури расмӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таълимии мо пешниҳод шуда буд, ки бо фаро расидани фасли баҳор тамоми омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарони муассисаҳои таълимӣ ба дарс бояд бо либоси миллӣ ҳозир шаванд».
Ба гуфти Н. Қулматова, «ин дастур омӯзгорон ва кулли хонандагони муассисаро рӯҳбаланд намуд. Мо ин иқдомро ҳамчун падидаи нек пайгирӣ намудем ва тасмим гирифтем, ки аз 1 марти соли равон пӯшидани либосҳои миллии атласу адрас ва чаканро дар муассиса байни духтарон ва омӯзгорзанон ҷорӣ намоем. Ба ин хотир муассисаи мо аз корхонаи «Нассоҷии тоҷик»-и шаҳри Душанбе чанд намуд матоъҳоро оварда, ба хонандагон пешниҳод намуд. Умед дорем, ки аз оғози баҳор толибаҳо бо ин либосҳо ба мактаб меоянд», — зикр намуд ҳамсуҳбати мо.
Корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова оид ба пӯшидани либосҳои миллӣ аз ҷониби ҷавондухтарон иброз дошт, ки: «чунин иқдом гулдухтаронро ба он водор мекунад, ки аз фарҳанги бегона даст кашанд. Чеҳраи зани тоҷик дар тарзи либоспӯшӣ, рафтор, гуфтор ва маданияти волои ӯ намоён мегардад. Имрӯз мо ифтихор аз миллату фарҳанги куҳанбунёд ва тарзу усули хоси либоспӯшии тоҷикона дорем ва дар кишвари худ озод ҳастем. Биёед аз ин озодӣ истифода барем ва ҳеҷ вақт бегонапараст ва хурофотпараст набошем»,- зикр намуд М.Азимова.

Февраль 21, 2017 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд