Бадахшон: Барфи зиёд роҳҳоро баст, боми 24 хона фурӯ рехт. Бештар аз 90 оила ба ҷои амн кӯч дода шуданд

Февраль 17, 2017 15:06, 106 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Новый рисунок

ХОРУҒ, 17.02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз табдил ёфтани барф ба борон тармафуроӣ дар роҳҳои мошингард  ва кӯҳдоманҳо боз ҳам шиддат гирифт. Иҷрокунандаи вазифаи сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ Шуҳрат Шоисматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Бадахшон гуфт, ки аз се рӯз ба ин сӯ бар асари резиши пай дар паи тарма роҳи Хоруғ- Душанбе, Хоруғ -Мурғоб -Қулма, Хоруғ -Ишкошим баста аст. Дар айни ҳол дар мавзеи Хехаки ноҳияи Ванҷ, Шипади ноҳияи Рӯшон тармаҳои ҳаҷман бузург рӯи роҳ рехтаанд, ки  боз кардани роҳро душвор мегардонанд. Мутахассисони ситоди ҳолатҳои фавқулода шабонарӯз дар мавзеъҳои хатарзо навбатдорӣ мекунанд ва ҳаракати нақлиёту рафтуомади одамонро назорат мекунанд. Ба гуфтаи Шӯҳрат Шоисматов, хушбахтона, то ба имрӯз барфу боронгарӣ ва тармафуроӣ ба  сокинони шаҳру деҳот осеб нарасондаанд.

Дар ҳамин ҳол аз таъсири боронгарӣ дар шаҳри Хоруғ боми наздики 25 хона фурӯ рехт. Сардори бахши шаҳрии ситоди мазкур Умед Тутишоев, ки бо гурӯҳе аз ихтиёриён ба кӯч додани сокинон аз маҳали хатарзо ба ҷои амн машғул мебошанд, дар суҳбат изҳор дошт, ки барои истиқомати муваққатии ин хонаводаҳо дар мактабу марказҳои фарҳангӣ шароит муаҳайё карда шудааст. Ҳам бистари хоб ва ҳам хӯроки гарм омода аст. Дар ҳоли ҳозир аз 180 манзили зери хатари эҳтимолӣ қарор дошта, 94 оила ба мавзеи бехавф кӯч бастанд. Аксарияти ин нафарон дар хонаи хешу табор ҷо дода шуданд.

Ситоди ҳолатҳои фавқулода дар паи интишори як муроҷиатнома аз сокинони ВМКБ ва меҳмонон тақозо кард, ки дар се рӯзи оянда аз сафар ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо худдорӣ варзанд. Зеро бо гарм шудани ҳаво тармафуроӣ шиддат мегирад.

Февраль 17, 2017 15:06, 106 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

33461669612_38a352fe39_zПешвои миллат: «Шаҳри Исфара дар ҷодаи боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ соҳибмактаб ва шӯҳратёр аст»
Рузи дархои боз дар китобхонаи милли«Рӯзи дарҳои боз» дар Китобхонаи миллӣ
33489159421_268573a5a4_zЭмомалӣ Раҳмон: «Исфара яке аз шаҳрҳои асосии саноативу кишоварзии мамлакат ва гӯшаи зебоманзараи Тоҷикистон мебошад»
33618212465_cb4fac7932_zПешвои миллат: «Ҳалли муҳимтарин масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осудаи мардум дар мадди назари доимии Ҳукумати мамлакат қарор доранд»
аспдавониДар Душанбе мусобиқаи аспдавонӣ оғоз гардид
ГулистонРӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар шаҳри Гулистон
Конибодом чорабинии варзишДар Конибодом чорабинии варзишии «Дави миллӣ» баргузор гардид
33461650492_e4f0dc254c_zСуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара
24-март РБбемории сил Латипов24 март — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил: бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст
33600131735_4d2a452203_zСуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи умумии рақами 14 ба номи Неъмат Бобоҷонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Бойсун-5Таҷлили Наврӯз дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон
ИМАИди аҷдодии Наврӯзро дар Вашингтон таҷлил намуданд