Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим зиёда аз 50 фоизи аҳолии замин ба норасоии об рў ба рў мегарданд

Февраль 20, 2017 14:48

об ШугнонДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо ҷонибдории бештари давлатҳои дунё паризуфт. Бояд гуфт, ки ҳадафи қабул ва эълон гардидани ин даҳсолаи об истифодаи об ҳамчун манбаи истеҳсоли энергияи арзон ва тозаю безарар мебошад.
Дар робита ба ин мухбири АМИТ «Ховар» бо Лутфишо Лутфишоев, сардори шуъбаи бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ҳамсуҳбат гардид.
«Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Воқеоти неругоҳҳои Чернобили Украина, Фукусимои Япония ва дигар садамаҳои неругоҳи атомӣ барои тамоми ҷаҳон собит намуд, ки ҳар чӣ зудтар ба истеҳсоли энергияи тоза ва арзон бояд гузашт. Дар Тоҷикистон аз 527 миллиард кВт соат истеҳсоли энергияи баҳогузоришуда, ҳамагӣ 3 — 4 % и он истифода карда мешавад. Ҳоло зиёда аз 98% неруи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда «неруи сабз» аст»,- зикр намуд Л. Лутфишоев.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, ҳамасола 22 март дар ҷаҳон чун Рўзи захираҳои оби тоза таҷлил мешавад. Бахшида ба ин ассотсиатсияи «Оби Умед»-и ноҳияи Шуғнон тасмим гирифтааст, ки вобаста ба истифодаи оқилонаи об дар ҳамаи деҳаҳои ноҳия семинар баргузор намояд.
«Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ният доранд дар ин чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлидори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ҷалби сармояи ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ зодагони ноҳия ва муҳоҷирони меҳнатии муваффақи бурунмарзӣ барои рушди устувори соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии диёр ва беҳдошти муҳити зисти ноҳия саҳмгузор бошанд»,- зикр намуд Лутфишо Лутфишоев.
Офатҳои табиии марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 миллиард доллар хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба зиндагонии зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион одам таҳдид мекунанд. Имрўз дар ҷаҳон беш аз 276 ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ вуҷуд доранд, ки қаламрави 148 кишвар ва беш аз 40% аҳолии ҷаҳонро фаро мегиранд. Аз соли 1960 то 2011 аҳолии Осиёи Марказӣ 3 маротиба зиёд шудааст. Имрӯз дар ин минтақа зиёда аз 60 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил хоҳад дод, ки ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии замин ба мушкилии норасоии об рў ба рў мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд.

Февраль 20, 2017 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт