Барои рафъи мушикилиҳо Рамазон Раҳимзода аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дидан намуд

Февраль 23, 2017 12:08

32ДУШАНБЕ, 23.02.2017. /АМИТ«Ховар»/. Субҳи имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ ва бартараф намудани мушкилиҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз километри 48-уми деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дидан кард.
Тавре сомонаи расмии вазорати мазкур хабар медиҳад, Рамазон Раҳимзода зимни боздид барои ҳарчӣ зудтар кушодани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод.
Фаъолияти Ситоди ҳолатҳои фавқулода ҷоннок гардида, дар ин самт техникаҳои иловагӣ аз ҳарду тараф таъмин карда шуданд.
Ситоди ҳолатҳои фавқулода ба ҳолати омодабош дароварда шуда, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои кормандони наҷот ҳама лавозимоту техникаи зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Айни замон корҳо барои поксозии роҳи Душанбе-Чаноқ идома дошта, фаъолияти Ситоди ҳолатҳои фавқулода оид ба сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шудан, расонидани кумак ба зарардидагон, наҷот додани одамон ва дигар чорабиниҳои бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Февраль 23, 2017 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд