Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Венгрия

Февраль 2, 2017 15:41

ДУШАНБЕ, 02.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Венгрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андраш Бараниро (бо қароргоҳаш дар ш.Остона) ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди муносибатҳои ду кишварро бар асоси натиҷаҳои машваратҳои сиёсии дар Будапешт 28 ноябри соли гузашта барпогардида баланд арзёбӣ намуданд», — гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои хориҷӣ.
Мусоҳибон ҳамзамон доир ба натиҷаҳои Саммити оби Будапешт-2016, ки бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, табодули назар намуданд. Дар ин қарина, ҷониби Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки ҷониби Маҷористон дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 мусоидат мекунад.

Февраль 2, 2017 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Швейтсария либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд