Баррасии самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон

Февраль 9, 2017 17:22

ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон (ДСРТ) вохӯрии ҳайати профессорону устодон, садорат ва донишҷӯёни факултети таърихи муносибатҳои байналхалқии ДСРТ бо Азизҷон Раҳмонов, директори Маркази тадқиқоти минтақаҳои ҷаҳон доир гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд.
«Дар вохӯрӣ С. Муҳиддинов, декани факултети таърихи муносибатҳои байналхалқии ДСРТ дар бораи самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисод, рушди хоҷагии қишлоқ, сиёсати ҷамъиятӣ ва ҷавонон, рушди тандурустӣ ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт»,-иттилоъ дод манбаъ.
Зикр гардид, ки соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид. Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат дар масъалаи иштироки ҷавонон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон қадамҳои боустувор мегузорад. Шаҳодати ин гуфтаҳо он аст, ки 170 ҳазор нафар донишҷӯён дар зиёда аз 40 донишгоҳҳои дохили кишвар ва зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонон дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ бо ихтисосҳои гуногун дар кишварҳои хориҷи дуру наздик таҳсил доранд.
Дар вохӯрӣ ба масъалаи ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» диққати махсус дода шуд.

Февраль 9, 2017 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт