Баррасии Созишномаи Париж дар Парлумони Тоҷикистон

Февраль 7, 2017 17:12

ДУШАНБЕ, 07.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Созишномаи Париж ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағиирёбии иқлим» имрӯз дар Душанбе дар муҳокимаи парлумонӣ таҳти раёсати Акрамшо Фелалиев, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ матраҳ шуд.
Роҷеъ ба ин масъала вакили Маҷлиси намояндагон Олимҷон Сафарзода ибрози назар намуда, гуфт, ки Созишномаи Париж ба Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағирёбии иқлим, ки 12 декабри соли 2015 дар Париж ба имзо расидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Ҳадафи Созишномаи Париж -иштироки фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти иҷрои талаботи Ковенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, хусусан нигоҳ доштани афзоиши ҳарорати миёнаи глобалӣ камтар аз 2 дараҷа ва маҳдуд намудани афзоиши ҳарорат то 1,5 дараҷа мебошад.
Таъкид шуд, ки Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Созишномаи Париж ба Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлимро ба баррасии иҷлосияи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудааст.
Дар муҳокимаи парлумонӣ ҳамзамон роҳбарону намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он сухан карда, пешниҳодҳои ҷолиб баён карданд.

Февраль 7, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд