«БИДУНИ РӮСАРӢ…» Духтарони сиёсатмадорони Шарқ чӣ мегӯянд?

Февраль 1, 2017 11:48

Фатима Раббани-2ДУШАНБЕ, 01.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Фотима Раббонӣ — духтари Бурҳониддин Раббонӣ — яке аз чеҳраҳои шинохта дар саҳнаи сиёсии Афғонистон,  хатмкардаи риштаи сиёсии мадрасаи тадқиқоти Шарқ ва Африқои Донишгоҳи Лондон буда, дар айни замон дар Амороти муттаҳидаи Араб зиндагӣ мекунад. Фотима Раббонӣ ахиран дар ҷилди яке аз маҷаллаҳои Дубай бо либоси афғонии шинаму зебо, вале бидуни рӯсарӣ аккосӣ карда, ният доштааст фарҳанги кишварашро барои ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Тӯли ним аср аст, ки Афғонистон барои ҳамагон таҷассумгари ҷангу ҷидол аст ва фазои он ба ғайр аз бӯи борут чизи дигареро ба машом намеорад. Мавқеи Афғонистон дар минтақа ҳамчун макони маводи мухаддир ва маркази интиқоли ин вабои аср шинохта шуда, ҷаҳониён дар бораи ин кишвари ҷангзада чизи мусбатеро намедонанд.

Фотима Раббонӣ ба хотири бартараф сохтани чунин ақидаҳои манфӣ, бо пӯшидани либоси зебои афғонӣ хостааст дар таассуроти мардум таҳаввулоти тозаеро ба вуҷуд орад. Вале аз ҷониби ҳамватанонаш ба вокуниши шадиде гирифтор шудааст. Аксари онон ба хотири бидуни рӯсарӣ ҷилвагар шудани Фотима изҳори норизоятӣ кардаанд. Вале Фотима Раббонӣ посухи нишонраси худро ба ин вокунишҳо додааст: «Ҳадафе, ки мо барои беҳтар нишон додани маҳсулоти Афғонистон, барои бозорёбии беҳтар ва барои инъикоси мусбати Афғонистон дар берун аз марзҳои он доштем, вале меҳвари суҳбатҳо се тасвири бидуни рӯсарии ман шуд, дар ҳоле ки он ҷо мо ҳадафи бузургтареро барои Афғонистон дунбол мекардем. ..

Дар аксҳо либосҳои суннатии Афғонистонро дар тан дорам ва танҳо рӯсарӣ надорам. Магар надоштани рӯсарӣ аз ман инсони баде месозад? Аз ман мусулмони баде месозад? Ман дар мактаби мазҳабӣ дарс хондаам ва мутмаин ҳастам, ки огоҳии ман аз Ислом бештар аз мунтақидини ман аст».

Бештари нафароне, ки аз ин иқдоми Фотима Раббонӣ интиқод кардаанд, нисбат ба сиёсати падари ӯ Бурҳониддин Раббонӣ низ хӯрдагирӣ карда, ӯро монеи ҳуқуқи занон дар Афғонистон хондаанд. Вале Фотима Раббонӣ ҳамаи дастовардҳои худро ба падараш нисбат дода, ӯро як шахсияти равшанфикр ва ҳимоятгари ҳуқуқи занони Афғонистон медонад. Чунончи: «Падарам имкон надошт бо ҳузури зан дар фазои иҷтимоӣ-сиёсӣ мухолифат кунад. Ӯ духтарони худашро ба таҳсилоти олӣ ба донишгоҳ фиристод ва ҳеҷ гуна санаду мадраке бар зидди падарам дар ин замина вуҷуд надорад».

Дар шабакаҳои интернетӣ нафарони зиёде аз ин иқдоми Фотима Раббонӣ пуштибонӣ кардаанд. Масалан, аз номи хонандае омадааст: «Ман ба ин бону лақаби «Шуҷоътарин зани мудофеи ҳуқуқи занон»-ро медиҳам. Занони дунё ва касоне, ки ба ҳуқуқи зан бовар доранд, ӯро бояд ҳимоят кунанд ва инқилоби фарҳангӣ дар мавриди вазъияти занони бадбахти Афғонистонро ба роҳ биандозанд».

Дигаре дар ин бобат навиштааст: «Раҳмату аҳсан ба Фотимаҷони қаҳрамон ва шуҷоъ, ки аз озодӣ ва ҳуқуқи зан дифоъ кард ва роҳи худро бо озодӣ ва далерӣ интихоб намуд. Ин зани шуҷоъ ва наҷиб ифтихори Афғонистон ва хори чашми террористони толибу ДИИШ аст!».

Сокини дигари Афғонистон рӯирост иқрор шудааст, ки ҳаёти имрӯзаи занони кишвараш мисли одамони ғорнишин ақибмондаву қашшоқона аст: «Хушҳолам, ки занони афғон аз ғорнишинӣ ба донишгоҳ рӯ овардаанд».

«Афғонистон масоили бисёр ҷиддии дигаре дорад, ки бояд пайгирӣ шавад, масалан «бачабозӣ» ва ҳазор мавзӯи дигар. Биёед рӯи Афғонистони муваффақ ва тавоно тамаркуз кунем. Ман рӯсарӣ пӯшидам ё напӯшидам, чаро бояд ин ҳама аҳамият дошта бошад?» — гуфтааст Фотима Раббонӣ.

Аиша КаддафиОйиша Қаззофӣ — духтари Муаммар Қаззофӣ. Ойиша баъд аз чандин соли ғурбат дар Алҷазоир ва баъдан дар Уммон бар зидди терроризм бархоста, раҳбари ҷунбиши мардуми Либияро бар уҳда гирифт. Ӯ худро идомадиҳандаи роҳи падар хонда, аз мардуми Либия хостааст, ки аз ӯ ҷонибдорӣ кунанд ва барои барқарор намудани Ҷамоҳирия ва ҳокимияти миллии кишвар муборизаро пеш гиранд.

Ойиша Қаззофӣ духтари соҳибмаълумот ва таҷрибадор аст. Ӯ таҳсили низомиро дар кишвараш ба итмом расонида, ҳамчунин хатмкардаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Сорбони Франсия мебошад ва дар ин ришта унвони докторӣ дорад. Дар даврони ҳукумати Муаммар Қаззофӣ дараҷадори низомӣ ва музокирагару миёнҷии сиёсӣ дар созмонҳои байналмилалӣ буд. Соли 2009 зиндагиномаи худро ба номи «Ойиша Муаммар Қаззофӣ — маликаи сулҳ» дар Шветсия мунташир кардааст.

Дар бораи ҷасорату фаъолнокии Ойиша суханони зиёде гуфта шуда, ҳатто дар баъзе маъхазҳо ба ӯ лақаби «Жанна Д’Арки биёбон» низ дода шудааст.

Ойиша Қаззофӣ бар асари ҷанг шавҳар ва ду фарзанди худро аз даст додааст. Ӯ  ба афсарони қаблии Либия муроҷиат намуда гуфтааст, ки ба хотири озодии кишвараш ӯ ба ҳама қаҳрамонӣ омода аст: «Ман омодаам, то ин ниҳодро раҳбарӣ намоям. Худро модари Либия медонам ва ҳар либиёӣ фарзанди ман аст».

Ойиша Қаззофӣ терроризмро ҳамчун зуҳуроти номатлуб маҳкум намуда, афродеро, ки ба чунин амали зишт даст мезананд, зери тозиёнаи танқид кашидааст: «Террористҳо аз беақлӣ, нотифоқӣ ва парокандагӣ дар сафҳои худ мемиранд». Бар хилофи онҳо ӯ мардуми кишварашро ба муттаҳидӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамгироӣ даъват кардааст. Ӯ иброз доштааст, ки дар роҳи ватани худ ба тамоми муборизаҳои сарсахтона  ва қурбониҳо омода аст: «Барои пирӯзӣ ва қассоси марги падарро гирифтан мо бояд ҳамаҷониба муттаҳид шавем!»

Ба ақидаи коршиносон Ойиша Қаззофӣ тарбияи хуби падарро гирифтааст ва сазовори ноил шудан ба ҷои аз даст рафтаи падар мебошад. Собиқаи кории ӯ дар вазифаҳои гуногун танҳо ба нафъи кори ӯ хоҳанд буд. Ворисони дигари Муаммар Қаззофӣ ё ба қатл расидаанд ва ё ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. Ҳама даъватҳои Ойиша Қаззофӣ бо рутбаи генерал-лейтенант имзо шудаанд.

Муаммар Қаззофӣ дар маросимҳои мухталиф борҳо ва борҳо алоқаи шадиди худро ба Ойиша эълом карда, гуфтааст, ки ин духтар ҳатто тавоноии идораи кишвар ва ҷонишинии маро дорад.

Рагад ХусайнРағад Саддом – духтари калонии Саддом Ҳусейн —  баъди ба қатл расидани падараш дар кишвари Урдун паноҳгоҳи сиёсӣ ёфтааст ва ба ҳайси мутахассиси ҷавоҳирот ба кори заргарӣ машғул аст. Ӯ Амрикоро сабабгори асосии нооромиҳои кишвараш медонад ва умед дорад, ки раиси ҷумҳури тозаинтихоби он Доналд Трамп бо диди тозаи худ аз пешиниён фарқ карда, сиёсати Амрикоро ба самти дуруст раҳнамо хоҳад кард.

Ахиран дар расонаҳои хабарӣ гузоришҳои зиёде нашр шуданд, ки гӯё Рағад Саддом аз ДИИШ пуштибонӣ мекарда бошад.

Ҷавобан ба ин гузоришҳо Рағад Ҳусейн гуфтааст, ки идеологияи хонаводаи ӯ бо идеологияи ифротгароӣ ҳеҷ умумияте надорад. Хонум Рағад қайд кардааст, ки дар Ироқ ҳамаи гурӯҳҳои ифротгаро баъди аз сари ҳокимият рафтани падараш Саддом Ҳусейн пайдо шудаанд. «Агар падарам зинда мебуд, ҳаргиз ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро наметавонистанд вориди Ироқ шаванд».

Рағад Ҳусейн аз падари худ ифтихор дорад ва хизматҳои ӯро баҳри шукуфоии кишвари Ироқ зикр кардааст. «Аз назари ман падарам як марди қаҳрамон, як фарди шуҷоъ ва мубориз буд. Ҷузъиёти марги падарам зишту дарднок, вале шарафмандона буд» — гуфтааст ӯ ба хабарнигори шабакаи телевизионии СNN.

 

Февраль 1, 2017 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад