Боронгарӣ ва тармафароӣ баъзе аз муассисаҳои таълимиро ба таътили маҷбурӣ водор кард

Февраль 4, 2017 10:15

ХОРУҒ, 04.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боронгариҳои шадид ва тармафароии пай дар пайи манотиқи кӯҳии кишварро ба назар гирифта, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо мақсади ҳифзи бехатарии кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои ВМКБ таътил эълон кард. Сардори Раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ба ҷуз аз мактабҳои шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳо дигар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муваққатан баста шуданд.
«Роҳи бештари кӯдакону наврасон аз кӯҳдоманҳо мегузарад ва имкони ҳар лаҳза фаромадани тарма дар ин мавзеъҳо вуҷуд дорад. Барои мо саломатии хонандагон дар мадди аввал меистад. Аз ин рӯ аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хоҳиш намудем, ки то муътадил гардидани вазъи обу ҳаво дар муассисаҳои таълимие, ки дар мавзеъҳои зери хатари эҳтимолӣ ҷойгиранд, барои таътили иловагии зимистона иҷозат диҳад»,-иброз дошт Эраҷ Ҷонмирзоев.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ омӯзгоронро муваззаф намуд, ки сарфи назар аз таътил ба хонаи хонандагон рафта, ҳамроҳ бо волидон иҷрои нақшаи барномаи таълимиро таъмин намоянд. Илова бар ин, муассисаҳои мазкур мавсими имсолаи таҳсилро 10 рӯз дертар ба поён мерасонанд.

Февраль 4, 2017 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид