Дар Душанбе ҷаласаи шашуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид

Февраль 13, 2017 16:55, 200 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

ВСва Савдо (1)

ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯро, аъзои Шӯро, роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва котиби Шӯро, Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. Роҳбарони вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, энергетика ва захираҳои об, роҳбарони маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Суғд», шарикони рушд, коршиносони соҳа ва намояндагони бахши хусусӣ низ дар ҷаласа даъват шуда буданд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласа хабар дод, дар ҷаласа Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ», ташаббус ва пешниҳоди лоиҳаи «Сохтмони Маркази хизматрасонии тиббӣ ва маишӣ дар шаҳри Истаравшан», Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи «Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва дигар дарёҳо», Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба лоиҳаҳои «Сохтмони инфрасохтори аввалия», «Сохтмони хати роҳи оҳан» ва «Барқарорсозии системаи оби нӯшокӣ» дар МОИ «Суғд» гузориш доданд.
Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаҳои «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ», «Сохтмони Маркази хизматрасонии тиббӣ ва маишӣ дар шаҳри Истаравшан», «Сохтмони неругоҳи барқи обии хурди Ҳафткӯл» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифта, ба тариқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалишавии онҳо қарорҳои дахлдор бароварда шуд.
Дар айни замон ба воситаи ин механизм тибқи қарорҳои Шӯро ду лоиҳа дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ- лоиҳаи «Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133 шаҳри Душанбе» ва дар самти энергетика лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқ ба МОИ «Данғара» амалӣ шуда истодаанд.
Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои муосири ҷалби сармояи хусусӣ дар иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ буда, ба ин васила метавон хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таъсиси инфрасохторро ба роҳ монд.

Февраль 13, 2017 16:55, 200 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

БМТ мулокот _2017_3Баррасии рушди соҳибкории хурду миёна тавассути ҷалби сармоягузорӣ
ОстонаҶаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Остона
туркияТуркия ният дорад, ки дар наздиктарин фурсат дар Тоҷикистон бонки муштарак таъсис диҳад
Форуми тиҷоратии «Тоҷикистон-Туркия»-ҷонибдори густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ ва техникии Тоҷикистону Туркия
Сарвазир1Ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Йилдирим Туғрул Туркеш баррасӣ гардид
Шукурҷон Зуҳуров хостори таъсиси Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Чехия гардид
Nuraliev_prezent_3Тоҷикистон — Қатар: Фарохтар аз тиҷорат
1Рӯзномаи «Gulf Times»: «Тоҷикистон сармоягузории Қатарро ба бахшҳои сайёҳӣ ва гидроэнергетика ҷалб менамояд»
Агентии омор.jpg3ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2016
12Ширкати «Салини Импреҷило» боварӣ дорад, ки эътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор мегардад
32451744212_4ecaf70be6_zДар Ҷаласаи XVII Шӯрои машваратӣ рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Копия IMG_0831Натиҷаҳои ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ