Дар Душанбе ҳаракати нақлиёт ба низом медарояд

Февраль 10, 2017 12:02

ДУШАНБЕ, 10.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз охири моҳи январи соли равон дар нақшаи хатсайри микроавтобусҳое, ки аз кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ баъзе қисман, баъзе пурра мегузаштанд, тағйирот ворид гардид. Тибқи нақша, оянда дар ин кӯча асосан автобус ва троллейбусҳо мусофир мекашонанд.
Тавре Абдумаҷид Ҳакимзода, мудири шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе зикр кард, иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фаъолияти кории худро аз ин иқдоми наҷиб шурӯъ намуд, ки он барои ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони шаҳр нигаронида шудааст.
Хуршед Кабиров, мудири шуъбаи нақлиёт ва нигоҳдории роҳҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, дар ин маврид изҳор дошт, ки тағйироти мазкур бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, паст кардани шиддатнокии ҳаракат, аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар қисмати чорроҳаҳои Н. Қарабоев Абай, назди бозорҳои «Саховат», «Корвон» ва дар ин замина ҷоннок намудани фаъолияти автобус ва троллейбусҳо ворид гардидаанд.
Тавре аз Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» — и шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, айни ҳол микроавтобусҳое, ки аз кӯчаи Н. Қарабоев убур мекарданд, асосан тавассути кӯчаи Ҷанубӣ- Соҳилӣ бо баромад ба кӯчаҳои А. Ҷомӣ, Абай ва С. Шерозӣ ва қисман бо хатсайри пешин фаъолият мекунанд. То воридшавии автобус ва троллейбусҳои нав иловатан дар ин кӯча микроавтобусҳои наве, ки зиёда аз 16 ҷои нишаст доранду бароришашон на зиёда 10 сол аст, мусофир мекашонанд.
«Дар ин самт навигарии дигар- ҳаракати троллейбуси хатсайри рақами 8 ҷорӣ гардид ва он ҳоло аз саристгоҳи «Роҳи оҳан» тавассути кӯчаҳои Назаршоев, С. Шерозӣ, Сино то Қарияи Боло ҳаракат мекунад. Бо воридшавии автобус ва троллейбусҳои нав дар назар аст, ки фаъолияти микроавтобусҳо кам ва дар дигар кӯчаву хиёбонҳои асосии шаҳр мусофиркашонӣ асосан тавассути автобус ва троллейбусҳо роҳандозӣ гардад. Бо таъмир намудани зеристгоҳҳои тақвиятдиҳандаи барқӣ шумораи троллейбусҳо зиёд хоҳад шуд, — зикр карданд масъулони «Душанбенақлиётхадамотрасон».
Аз ҷоришавии тағйироти мазкур муҳлати зиёд нагузашта бошад ҳам, натиҷаи мусбати он ба мушоҳида мерасад. Шиддатнокии ҳаракат коҳиш ёфта, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо ба назар намерасад, ки ин ҳолат боиси қаноатмандии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст.

Февраль 10, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд