Дар Душанбе ҳаракати нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Карин Манн то кӯчаи А.Қаҳҳоров муваққатан қатъ мегардад

Февраль 8, 2017 10:35

ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ Ховар/. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 феврали соли 2017 «Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар лоиҳаи «Азнавсозии кӯчаи М.Маҳмадалӣ (собиқ Фучик) аз кӯчаи Карин Манн то кӯчаи А.Қаҳҳоров» ба тасвиб расид.
Тавре ки аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур аз 6 феврал то 25 декабри соли 2017 ҳаракати нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Карин Манн то кӯчаи А.Қаҳҳоров муваққатан қатъ гардида, сохторҳои марбута вазифадор гардиданд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян созанд вадар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Дар қарор омадааст, ки Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва пудратчии асосӣ -ҶСК «Сохтмон Таъмир» вобаста ба тағйири самти ҳаракати нақлиёт дар мувофиқа бо шуъбаи БДА-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро ба анҷом расонида, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар кӯчаҳои ҳамшафат таъмин намоянд.

Февраль 8, 2017 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд