Дар Душанбе оид ба роҳҳои пешгирии саратони ғадудҳои ширӣ ҳамоиш доир гардид

Февраль 8, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Авесто» дар толори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳти унвони «Пешгирии бемории саратони сина» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ сухан гуфтанд.
Ҳамчунин иштирокчиён атрофи мавзӯъҳои «Вазъи имрӯзаи бемориҳои саратони сина, скрининги маммографӣ», «Оила дар ҳолати буҳрон, расонидани ёрии равонӣ дар оила», «Таҷрибаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба адвокатсияи бемории саратони сина ва ҳамкорӣ дар рушди соҳаи саратоншиносӣ», «Пешгирӣ ва сари вақт муайян намудани бемории саратони сина дар сатҳи КАТС» ва «Беҳтар намудани сифати зиндагии беморони гирифтори саратони сина» маърӯза намуда, оид ба пешгирии саратони ғадудҳои ширӣ маълумот доданд.

Февраль 8, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт