Дар ноҳияи Ховалинг семинари амалӣ бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ доир гардид

Февраль 16, 2017 17:23

ХОВАЛИНГ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинг семинари омӯзишӣ доир гардид. Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод, семинар бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши соҳавии кишоварзон ва омӯзонидани роҳу усул ва қоидаҳои агротехникии коркарди боғу токзор, меваю сабзавот, маҳсулоти полезӣ, нигоҳдории чорвои калони шохдор ва моли майда гузаронида шуд. Дар семинар зикр шуд, ки солҳои охир бо тағйирёбии иқлими сайёра бисёр бемориҳое пайдо шудаанд, ки ба паст шудани  ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ оварда мерасонанд.

Сол ба сол васеъ намудани майдони боғҳо ва парвариши дарахтони гуногун, ки хусусан аз хориҷи кишвар оварда мешаванд, дар фаъолияти кишоварзон мушкилӣ пеш овардааст. Ин гуна семинарҳо метавонанд тарзу усул ва вақти гузаронидани корҳои агротехникиро ба таври амалӣ ба деҳқонон нишон диҳанд. Солҳои охир кишоварзони ноҳияи Ховалинг дар парвариши сабзавот низ ба муваффақият ноил гардиданд. Деҳқонон тавонистанд бо васеъ намудани майдони кишти картошкаю пиёз, помидору қаламфур, сабзаҷот ва полезӣ талаботи сокинони ноҳияро қонеъ гардонида, як миқдор маҳсулотро берун аз ноҳия ба фурӯш бароранд.

 

 

 

Февраль 16, 2017 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд