Дар Сангвор Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро ҷонибдорӣ карданд

Февраль 7, 2017 11:51

obCАНГВОР, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сангвор ба ифтихори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, бо иштироки раиси ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони деҳот ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор Асадулло Раҳимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад раиси ноҳия Зарифхӯҷа Шоҳиён зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ сухан гуфта, оид ба масъалаҳои об таклифу пешниҳодҳои судманд баён менамоянд. Боиси хурсандист, ки пешниҳодҳои Пешвои миллати мо аз тарафи СММ дастгирӣ меёбанд. Ташаббуси нави Сарвари давлат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» заминаи мусоиди таҳкими нақши обро дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳо дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам оварда, ба ҳамкории бештари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.
Зикр шуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан сокинони ноҳияи Сангвор иқдомҳои Пешвои миллатро бо эҳсоси баланди ифтихор истиқбол намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.

Февраль 7, 2017 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд