Дар шуъбаи «Амонатбонк»-и Норак барои 15 нафар ятими кулл суратҳисоб кушода шуд

Февраль 1, 2017 15:32

НОРАК, 01.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак 15 нафар ятимони кулл ба қайд гирифта шудаанд. Дар шуъбаи «Амонатбонк»-и шаҳр барои ҳамаи онҳо суратҳисоб кушода шудааст. То 17 январи соли равон ба суратҳисобҳои мазкур 14 ҳазору 377 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Дар ин бора Раиси шаҳри Норак Фатҳулло Ҳурматзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
«Дар соли сипаригардида бо усули «Хона ба хона» дар маҷмӯъ дар сатҳи шаҳр бо зиёда аз 1018 оила корҳои инфиродӣ бурда шуда, ҳангоми мулоқот вобаста ба тақвият бахшидан ба корҳои таблиғотии бонувону ҷавонон оид ба пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, либоспӯшии ғайр, гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муҳити хонавода, пешгирии талоқ дар байни оилаҳои ҷавон ба роҳ монда шуд. Инчунин дар 12 моҳи соли 2016 дар шаҳр 118 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 18 ҷиноят кам мебошад»,-гуфт Раиси шаҳр.

Февраль 1, 2017 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт