Дастаи артиши гарнизони Суғд ғолиби мусобиқаи «Ҳомии Ватан» гардид

Февраль 24, 2017 11:18

ДУШАНБЕ, 24.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи клуби варзишии артиши гарнизони Суғд дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан», ки бо ташаббуси комиссариати ҳарбии вилояти Суғд аз 3 то 22 феврал дар толорҳои варзишии вилояти Суғд доир гашт, дастаи беҳтарин дониста шуд.

Тавре ба «АМИТ» Ховар масъулин аз комиссариати ҳарбии вилояти Суғд хабар доданд, баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ барои баланд бардоштани малакаю маҳорати ҷангию тактикӣ ва омодабоши ҳарбии сарбозону афсарон муҳим буда, хизмат ба Модар — Ватан рисолати фарзандӣ ва қарзи ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб меравад.

«Дар мусобиқаи варзишӣ 14 дастаи ҷузъу томҳои гарнизони Суғд иштирок намуда, сарбозону афсарони дастаҳо барои дарёфти Ҷоми мусобиқаи вилоятӣ байни ҳам аз рӯи даҳ намуди варзиш сабқат намуданд»,- иттилоъ доданд масъулин.

Февраль 24, 2017 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»