Доналд Трамп ваъда дод, ки ҳафтаи оянда оид ба муҳоҷират фармони нав ба имзо мерасонад

Февраль 17, 2017 17:17, 117 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

donald-tramp

ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки ҳафтаи оянда оид ба муҳоҷират фармони нав ба имзо мерасонад. Дар ин бора АИР «Новости» хабар дод.
Ҳамчунин Трамп аз он гила кард, ки аз собиқ президенти ИМА Барак Обама ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ «бесарусомонӣ» мерос гирифтааст ва мутмаин намуд, ки ҳукумати ӯ «яке аз беҳтаринҳо дар таърихи ИМА» хоҳад гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Трамп фармоне ба тасвиб расонд, ки даромад ба ИМА-ро барои шаҳрвандони 7 кишвар (Эрон, Ироқ, Яман, Либия, Сурия, Сомалӣ ва Судон) ба муҳлати 90 рӯз манъ мекард. Он ҳамчунин қабули ҳама гуна гурезагонро ба муҳлати 120 рӯз боздошта, қабули гурезагони Сурияро ба муҳлати номуайян манъ менамуд.
Фармони мазкур вокунишҳои мухталифро дар ИМА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён овард, ки дар натиҷа додгоҳ амали онро манъ кард.

Февраль 17, 2017 17:17, 117 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

trampТрамп пешниҳод намуд, ки робитаи Ҳиллари Клинтон бо Россия тафтиш карда шавад
Mosul-1Дар Мосул «коршиноси» гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» оид ба минагузорӣ ҳалок гардид
ПентагонПентагон маҳв гардидани фармондеҳи саҳроии «Ал-Қоида»-ро дар Афғонистон тасдиқ кард
migrantДар соҳили Либия беш аз ҳазор нафар муҳоҷиронро наҷот доданд
Afganistan-227 ҷангии «Давлати исломӣ» дар шарқи Афғонистон маҳв гардиданд
ЛондонПулиси Лондон номи ҳамлагарро эълон кард
Ирок - МосулДар Мосул 6 роҳбари «Давлати исломӣ»-ро маҳв карданд
siriyaАртиши Сурия фармондеҳи «Давлати исломӣ» -ро, ки дар нест кардани ёдгориҳои Палмира даст дошт, маҳв кард
Putin-i-ErdoganПутин ва Эрдоган интиқоли имконпазири С-400-ро ба Туркия баррасӣ карданд
astanaОстона ба баргузории мулоқоти навбатӣ доир ба Сурия омодагӣ мебинад
Boko-haramНеруҳои амнияти Нигерия беш аз 210 асири «Боко ҳарам»-ро озод намуданд
MosulШумораи гурезагон аз Мосули Ғарбӣ тақрибан ба 100 ҳазор нафар расид