Раиси шаҳри Конибодом донишҷӯёнро ба омӯхтани илму дониш даъват намуд

Феврал 17, 2017 10:02

Хабарҳои мавзӯъ

Мулоқоти Раиси шаҳри Конибодом, Ғайбулло Боҳирӣ бо донишҷӯёни шаҳри КонибодомДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ зимни мулоқот бо донишҷӯёни шаҳри Конибодом, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, изҳор дошт, ки дар Соли ҷавонон роҳбарияти шаҳри Конибодом тасмим гирифтааст дар баробари кӯшишу талошҳо дар самти муҳайё кардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонони шаҳр, ҳамзамон ба тарбияи маънавии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Академик Акбар Турсон аз таърихи 3000-солаи шаҳри бостонии Конибодом ҳарф зада, донишҷӯёнро ба омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуд. Ҳамчунин Равшан Раҷабов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки дар Соли ҷавонон донишҷӯён бояд машъалафрӯзи ҷомеа бошанд.
Раиси шаҳри Конибодом изҳори умед намуд, ки ҷавонони ватандӯст омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо менамоянд. Онҳо дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд.

Феврал 17, 2017 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои пиёдагард ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ карда мешавандРоҳҳои пиёдагард ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ карда мешаванд
Мария Ливицкая _229 апрел-Рӯзи байналмилалии рақс: рақс одамонро муттаҳид месозад
Новый рисунокДар Ҳамадонӣ 900 нафар шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фаро гирифта шуданд
НаклётНашрияи «Нақлиёт» 20- сола шуд
Мизи мудаввар дар Барки Точик..Нозирони меҳнат-ҳимоякунандаи манфиати меҳнаткашонанд
Мавсими имсолаи обхезӣ ба манзил ва майдони кишти сокинони шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Ванҷ осеб намерасонадМавсими имсолаи обхезӣ ба манзил ва майдони кишти сокинони шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Ванҷ осеб намерасонад
«Иксири саодат» ва «Армуғони аҳли дил» ба китобхонаҳои марказии вилояти Суғд туҳфа гардиданд«Иксири саодат» ва «Армуғони аҳли дил» ба китобхонаҳои марказии вилояти Суғд туҳфа гардиданд
обрасониКанали Хоҷабоқирғон аз оғози мавсими обёрӣ ба кишоварзон зиёда аз 5 млн куб об расонидааст
мукикишиноси маъруфи точик дар ХитойМусиқишиноси маъруфи тоҷик ба донишҷӯёни Консерваторияи марказии Хитой аз нозукиҳои санъати Шашмақом маърӯза мехонад
сохтакориСуди ноҳияи Рӯдакӣ ду нафарро барои қаллобию сохтакорӣ аз озодӣ маҳрум кард
хаво боронИмрӯз дар ҷумҳурӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
чалб ба Давлати исломиҶ. Ҳакимов барои ҷалб кардани шаҳрвандон ба ташкилоти экстремистию террористии ба ном «Давлати исломӣ» 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид